МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли шарбати анор камхунӣ, сулфа ва касалиҳои меъдаро рафъ месозад
ДУШАНБЕ, 30.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани мавсими сармо талаботи инсон барои истеъмоли меваву сабзавот меафзояд. Чун дар фасли зимистон норасоии бисёре аз витаминҳо ба амал меояд, барои бартарафсозии он метавон аз ҳисоби меваҳои захиранамудаи зимистонӣ истифода намуд. Яке аз ин меваҳо анор мебошад. Анор меваи дарахте аст, ки аз қанд, витамини С бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо: калтсий, калий, марган, натрий мебошад. Меваи анор то 60% шарбат дорад. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сӯхтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст.
Анор дар бисёре аз давлатҳои олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрон, Афғонистон, Покистон, Чин ва дигар мамлакатҳои гарме, ки иқлимашон барои рӯёнидани ин мева мусоид аст, ба таври васеъ парвариш меёбад.
Ба гуфтаи доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов, тамоми хусусияти шифоии анор ба таркиби кимиёвияш алоқаманд аст.
«Дар таркиби меваи анор витаминҳои ниҳоят муҳими зиддиоксидӣ мавҷуд мебошанд. Он меваи муҳими ҳам шифоӣ ва ҳам ғизоӣ ба ҳисоб меравад. Дар таркиби шарбати анор аминокислотаҳои гуногун мавҷуд ҳастанд, ки кори меъда ва рӯдаҳоро ба эътидол дароварда, ҳозимаро беҳтар месозанд. Истеъмоли мунтазами афшураи анор ҳатто дар ҳаҷми хурд сатҳи гемоглобинро дар хун зиёд менамояд. Хусусияти антиоксидантии шарбати анор ҳолати умумии баданро беҳтар намуда, токсинҳоро пок ва системаи иммуниро мустаҳкам месозад. Шарбат барои пешгирии сармоҳои мавсимӣ муфид аст», — мегӯяд ӯ.
Давоми зиёда аз 5 ҳазор сол беҳуда нест, ки нисбат ба себ, мандарин ва анор афсонаҳо ва ривоятҳои зиёд гуфта шудаанд. Имрӯз дар Қафқоз ҳангоми ба меҳмонӣ рафтан ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат анор мебаранд. Хусусияти шифоии анор аз замонҳои қадим маълум аст.
Гиппократ — падари тиб барои муолиҷаи дарди меъда, пӯст, исҳол пӯсту шираи анорро истифода мебурд. Арабҳо ҳангоми ноҳинҷории узвҳои ҳозима анорро ба таври васеъ истифода мебурданд. Абумансури Муваффақ анори ширинро барои табобати дардҳои гулӯ, сина ва сулфа даво фармудааст. Ӯ гуфтааст, ки донааш аз ширааш ва пӯсташ аз ҳарду қабзовартар мебошад.
Ибни Сино анорро дар илоҷи сулфаю дарди хафакон, шираи тухмашро барои чашм даво гуфтааст. Яке аз олимони асри 15 Арман Амирсиян шарбати анори туршро гуфтааст, ки қай, дилбеҳузурӣ ва ҳиккакро рафъ месозад.
Ҷаҳон Азонов мегӯяд, ки агар шираи анорро бо равған омехта намоем ва ба гӯш чаконем, дарди гӯшро барҳам медиҳад ва ҷароҳатҳоро табобат менамояд. «Анор хусусияти даббоғӣ дошта, барои пурқувват намудани қудрати ҷисмонии инсон ниҳоят фоидаи калон дорад. Дар тибби мардумӣ мева ва шираи анорро ба таври васеъ ба кор мебаранд. Онро ҳангоми бемориҳои узвҳои нафас, таби баланд, камхунӣ, сили шуш, исҳол ба таври васеъ истифода менамоянд. Ба беморони диабети қанд анори туршро тавсия медиҳанд, агарчӣ анори ширинро фармудан мумкин нест, чун таркиби он то 19 фоиз қанд дорад. Дар тибби мардумии араб донаҳои бирёнкардаи анорро барои муолиҷаи исҳоли хунин, сулфа ва обҷӯши пӯсташро барои рафъи исҳол мефармоянд», — афзуд мавсуф.
Бояд гуфт, ки дар тибби мардумӣ ва амалӣ анорро барои муолиҷаи кирмҳои паҳншакли шикам тавсия медиҳанд. Пӯсти мева ва шохаҳои дарахти анор хосияти зиддиилтиҳобӣ, даббоғӣ ва қобилӣ дорад. Дар тибби муосир шарбат ва шираи анорро ҳамчун маводи парҳезӣ барои афзудани иштиҳо ва ҳаҷми ғизо истифода мебаранд. Ба беморони мубталои бемориҳои дилу рагҳои хунгард, камхунӣ, норасоии витаминҳо барои беҳтар намудани саломатӣ истифодаи шарбат ё шираи анорро то 3 моҳ тавсия медиҳанд. Шарбати анор барои муолиҷаи бемории ғадуди зери меъда низ фоидаовар аст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бисёре аз занҳо гирифтори бемории камхунӣ ҳастанд ва аз он ки дар таркиби меваҳои анор маводи оҳан бештар аст, аз ин лиҳоз ҳангоми камхунӣ онро бояд дар меъёри 0,5- стаканӣ ё якстаканӣ 3 маротиба дар як рӯз 30-40 дақиқа пеш аз истеъмоли ғизо истифода баранд. Як моҳ танаффус намуда, дубора такрор намоянд. Шарбат ва шираи анор барои муолиҷаи ҷигар, роҳҳои талхагузар, гурда, шуш, яъне судакбандии рагҳои хунгард фоида дорад. Дар таркиби анор магний ва калий мавҷуд аст, ки он ғизои дил аст.
Мутахассисон ба касоне, ки бемории сироятии дуру дароз гузаронида, бистарӣ мебошанд, истеъмоли анорро тавсия медиҳанд. Бояд гуфт, ки ҳангоми истеъмоли донаҳои тару тозаи анор беҳтараш онро бо тухмаш истеъмол намуд. Тухмаш барои буния фоида дорад. Он кори рӯдаҳоро хуб намуда, барои хориҷ шудани пасмондаҳо кумак менамояд.
Хусусияти афзоиш ва ҳосилдиҳӣ
Анор дар шакли бутта ё дарахте аст, ки аз 1,5 то 6 м баландӣ дорад. Давраи афзоиши анор аз 180 то 215 рӯз, рушди меваҳо аз 120 то 160 рӯзро ташкил медиҳад, он дар соли сеюми ҳаёт мева дода, 50-70 сол умр мебинад. Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле ҳам фоиданок аст. Аз як дарахт 50- 60 кг ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз намуда, 5 – 35 сол ҳосил медиҳад. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст. Меваи онро аз соли дуюми баъди шинонидан чидан мумкин аст. Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобаста аст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд намуда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз менамояд, агар аз қаламча зиёд гардад, дар соли дуюми баъди шинонидан ба ҳосилдиҳӣ оғоз менамояд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз