МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Риоя намудани қоидаву тартиби шинонидани ниҳол омили серҳосилии боғҳо аст

Декабрь 10, 2023 15:10

ДУШАНБЕ, 10.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити Тоҷикистон асосан се муҳлати шинонидани ниҳол аст, ки ин охири тирамоҳу аввали зимистон, охири зимистон ва аввали баҳор мебошад. Аммо на дар ҳама холат аз ҷониби деҳқонон ва мутахассисон қоидаҳо ва муҳлат риоя мешавад. Дар ҳолати дуруст риоя намудани тартибу қоидаҳои ниҳолшинонӣ метавон дарахтони сарсабзу боғҳои серҳосилро соҳиб гардӣ. Чунин изҳор медорад узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Саидалӣ Гулов.

Ба гуфтаи ӯ, муҳлати аз ҳама хуб барои шинонидани ниҳол- ин охири тирамоҳ–аввали зимистон аст. Вақте ки ниҳолҳо пурра ба ҳолати карахтӣ мегузаранд. Шинонидани ниҳол дар фасли зимистон дар ҳолате гузаронида мешавад, ки ҳарорати ҳаво аз 3 то 5 дараҷа баланд ва замини ҷойи боғ сард набошад. «Дар шароити Тоҷикистон дар фасли зимистон дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубӣ шинонидани ниҳол имконпазир аст. Муҳлати сеюм- ин охири зимистон-аввали баҳор аст, ки дар ин айём ҳамаи дарахтони мевадиҳандаро шинонидан мумкин аст. Аз ҷумла, тавсия дода мешавад, ки дарахтони субтропикӣ, ки гармидӯст ҳастанд, бояд дар фасли баҳор шинонида шаванд. Дар фасли зимистон шинонидани ин намуди дарахтон тавсия дода намешавад»,-баён дошт мутахассис.

Иброз гардид, ки дар минтақаҳое, ки боғҳо бунёд менамоем, агар он аз сатҳи баҳр 1500 метр баланд бошад, яъне доманакӯҳҳо ё кӯҳистонҳо бошанд, пас тавсия дода мешавад, ки дар ин ҷойҳо танҳо дар фасли баҳор ниҳол шинонидан имконпазир мегардад. Зеро дар сурати шинонидани ниҳол дар фасли тирамоҳ бар асари барфи зиёд   дарахтонро хатари сармозанӣ таҳдид менамояд.

Сайдалӣ Гулов баён медорад, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳамагон бояд донанд, ин қоидаҳои шинонидани ниҳол ҳам дар фасли тирамоҳ, ҳам зимистон ва ҳам баҳор аст. Зеро дар бештари ҳолатҳо деҳқонон ё мутахассисон агар муҳлати шинониданро риоя намоянд,  қоидаҳои шинонидани ниҳолро риоя наменамоянд. Ҳангоми риоя нагардидан он ба рушду нумуи дарахт ва баҳосилдарории онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Чанд тавсияи ҳамсуҳбати мо, ки бояд ҳатман ин қоидаҳо риоя шаванд:

  1. Интихоби замин. Замини боғ тарзе интихоб шавад, ки ба иқлими дарахтони мевадиҳанда, себ, нок, ё субтропикӣ мувофиқ бошад. Замин бояд шӯр, санглох, регзор набошад, ки ба сабзиши ниҳол таъсири манфӣ мерасонад. Яъне, замини боғ бояд мувофиқи талаботи ин ё он намуди дарахтон ҷавобгӯ бошад.
  2. Омода намудани замини боғ. Замини боғ бояд аз ҷисмҳои нозарур, санг, буттаву чӯбчаҳои нолозим тоза шавад. Баъд аз он бо додани нуриҳои маъданӣ ва ҳам органикӣ аз як гектар тибқи меъёр то 20 тонна аз рӯйи имконияте, ки доранд, то 500-700 кг нуриҳои фосфорӣ пошида, баъд аз он дар чуқурии 50-60 см дар заминҳои обӣ ва дар заминҳои лалмӣ то 80-100 см омехта намудан даркор аст. Заминҳо бояд нарм бошанд.
  3. Тартиби шинонидани ниҳолҳо. Баъди тахту ҳамвор намудани замин бояд тартиби шинонидани ниҳолҳо вобаста ба сохти дарахтону сохти боғҳо, аз ҷумла интенсививу суперинтенсивӣ интихоб шавад. Дар вақти интихоб усулҳои тартиби ҷойгиркунии росткунҷа, чоркунҷа, секунҷа ва релифӣ иҷро мешаванд. Чоркунҷа байни қатору байни ниҳол, яне 5х5, 6х6 якхел аст. Росткунҷа байни қатор нисбат ба байни дарахтон зиёдтар аст, мисол, он ба таври 5х4, 6х5 шинонида мешавад. Релефӣ- ин яъне ниҳол вобаста ба доманакӯҳҳо шинонида мешавад.
  4. Замин бояд ҳангоми шинонидани ниҳол лой набошад. Замин набояд аз ҳад зиёд намӣ дошта бошад. Чун дар ин ҳолат решаҳо сахт ба хок часпида, дар фасли баҳор заиф шуда, суст инкишоф меёбанд. Дар ҳолати лой будани замин хуб аст, ки ниҳолро нашинонем ва интизор шавем, то замин ба шинонидан омода шавад.

Ба гуфтаи мутахассис, чуқурии кандашуда барои шинонидани ниҳол набояд аз 50-60 см кам бошад. Қисми хоки боло ва қисми хоки поён алоҳида гирифта мешавад. Баъд аз илова намудани нуриҳои органикӣ ва маъданӣ 150-200 гр нуриҳои фосфорӣ ва 7-10 кг нуриҳои органикиро, ки барои ҳар ниҳол тавсия дода мешаванд, омехта намуда, аввал хоки ҳосилдори болоро ба зери ниҳол партофтан даркор аст ва баъдан ниҳолро шинонида, хоки поёнии камҳосилро аз боло пур кардан зарур мебошад.

Бояд гуфт, ки имсол ҳаво камбориш ва гарм омад ва ин ба сабзиши боғу зироат бе таъсир намемонад. Аз ин хотир Сайдалӣ Гулов чунин изҳор медорад, ки агар дар тирамоҳ замин намнок бошад, зарурати об додан нест. Аз сабаби он ки имсол ҳаво гарму камбориш омад, ҳатман 10-20 литр об додан зарур аст, чунки решаи ниҳол бояд намнок бошад, то дар баҳор хуб сабзад.

«Агар имкон бошад, қабл аз шинонидан ниҳолро бояд дар шарбатхок 2-3 соат нигоҳ дошт. Шарбатхок аз поруи тару тоза ва хок омода мешавад. Яъне, бо об омехта шуда, реша баъди гузаронидани буриши санитарӣ намию ғизоро аз шарбатхок гирифта, пурра сабзиш менамояд», — афзуд ӯ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «ХОВАР»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 10, 2023 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ! Соли нави таҳсил бо шунидани суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат оғоз меёбад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?
МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
Эмомалӣ Раҳмон: «Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред. Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост!».
ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД. Ин неъмати бузург ба мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ овард
ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ҳошияи бошукуҳтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон
ТИРАМОҲ ФАРО МЕРАСАД. Дар ин фасл кадом бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд?
Дар Истаравшан дар 7 гектар ниҳолҳои павловния шинонида шуданд
ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ПАХТАПАРВАРӢ КОҲИШ ЁФТ? Дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардид