МЕВАИ БОЛАЗЗАТ ВА ДОРОИ БӮИ ХУШ. Истеъмоли мандарин ба саломатии инсон ҳам фоида ва ҳам зарар дорад

Декабрь 31, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 31.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мандарин манбаи хуби витамини В ва С буда, истеъмоли он дар фасли зимистон ба мустаҳкам гардидани масуният (иммунитет) мусоидат менамояд. Вале истеъмоли аз ҳад зиёди мандаринро мутахассисони соҳаи тиб тавсия намедиҳанд, зеро он ба саломатии инсон зарар дорад. Дар таркиби ин меваи ситрусӣ фруктоза зиёд буда, он ба бунияи инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Истеъмоли мандарин ба кадом беморон тавсия дода намешавад?

Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки одатан дар ин айём бозорҳо аз мандарин пур шуда, он яке аз меваҳои асосии дастархони мардуми мо мебошад. Вале набояд фаромӯш намуд, ки истеъмоли мандарин ба нафарони гирифтори бемории илтиҳоби шадиди роҳҳои нафас  ва аллергия тавсия дода намешавад. Зеро  ҳангоми чунин бемориҳо сулфа ва хориши роҳҳои нафас, ки аз истеъмили мандарин ба вуҷуд меояд, зиёд шуда, метавонад сабаби варам  намудани роҳҳои нафас гардад.

Инчунин истеъмоли аз меъёр зиёди мандарин метавонад ба саломатии зани ҳомиладор ва кӯдаки батни ӯ таъсири манфӣ расонад. Истеъмоли ин навъи мева ба одамони гирифтори бемории захми меъда, гастрит ва дигар бемориҳои узвҳои ҳозима низ тавсия дода намешавад, зеро он сабаби авҷгирии беморӣ гардида метавонад.

Мандарин ба саломатии инсон чӣ фоида мерасонад?

Мандарин, ки меваи болаззат ва дорои бӯи хуш аст, барои бартараф намудани фарбеҳӣ кумак мерасонад. Таҳқиқот собит намудаанд, ки  истеъмоли мандарин метавонад ба кам шудани чарбуи ҷигар ва чарбҳои шикам мусоидат намояд.

Афшураи тару тозаи мандарин  ба кӯдакон ва беморон ҳамчун нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ тавсия дода мешавад. Дар ҳарорати баланди бадан он барои мубориза бо ташнагӣ кумак менамояд.  Бинобар доштани хосиятҳои антисептикӣ мандарин таъсири зиддимикробӣ ва зиддивирусӣ низ дорад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки бемории диабети қанд доранд, дар як рӯз набояд аз ду дона зиёд мандарин истеъмол намоянд. Истеъмоли ин меваи ситрусӣ барои кӯдакони аз 3-сола боло бо меъёри муайян тавсия дода мешавад.

Пӯсти мандарин барои баъзе бемориҳо фоидаовар аст

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб, пӯсти мандарин дорои равғани эфирӣ буда, барои табобати бисёр бемориҳо истифода мешавад. Аз ҷумла, барои бастани оби бинӣ хеле хуб аст. Ба оби ҷӯшида 2-3 дона пӯсти мандаринро илова намуда, 10 дақиқа нигоҳ доранд ва онро ба бинӣ чаконанд, манфиати хуб дорад.

Пӯсти мандарин дорои антиоксидантҳои зиёд буда, пайдоиши ҳуҷайраҳои саратонро пешгирӣ менамояд.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 31, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштироки беш аз 1000 намоянда дар назар дошта шудааст
Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтааст
«ГУЗАРГОҲИ САЙЁҲОН». Таъсиси мағозаи армуғонҳо дар Левакант барои муаррифии ҳунари тоҷикон иқдоми саривақтӣ аст
Падару модарон уҳдадоранд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак иҷро намоянд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ 30 барномаи гуногуни фарҳангӣ пешниҳод мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид аст
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» Саидвалӣ Тоиров: «Шиори мо дар зиндагӣ намунаи ибрат будан аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Волидайн ва масъулин барои бофароғат ва самаранок гузаронидани он чӣ гуна омодагӣ мебинанд?
Нақши осорхонаҳои таърихӣ дар тарбияи ватандӯстии насли наврас чӣ гуна аст?
15 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚЛИМ. Ҳифзи иқлими сайёра ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳоро тақозо менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Бунёди ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз яке аз масъалаҳои муҳими оила аст