МИЛЛАТИ ФАРХУНДА БО ДАСТОВАРДҲОИ ШОИСТА. Соли 2023 дар таҳкими қасри бегазанди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми бузургу таърихӣ гузошт

Декабрь 31, 2023 08:54

ДУШАНБЕ, 31.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон ба куллӣ набзи рӯзгори моро дигар намудаву падидаи дурахшони солҳои охир ва сабабгори ноил гардидани халқамон дар ҳама  самтҳову дар ҳама гӯшаҳо ба дастовардҳои нав ба нав гардидаанд. Ин дастовардҳо дар соҳаи созандагиву бунёдкорӣ  ба куллӣ симои давлати моро- шуруъ аз пойтахти Ватанамон-шаҳри Душанбе то ҳама гӯшаҳои дурдасттарини он дигаргун сохтанд, то ҷойе, ки касе, ки он мавзеъҳоро пеш аз ин дида бошаду акнун бинад,  намешиносад. Чунин ибрози назар намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар мавриди ҷамъбасти соли 2023 ва натиҷаҳои созанда он.

-Пеш аз он ки дар бораи дастовардҳои дурахшони  соли сипаришудаистода, яъне соли 2023 чанд сухан бигӯем, банда мехоҳам,  дар бораи як дастоварде, ки маҳсули тамоми даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, чанд ҳарф гӯям. Ба андешаи ман, дар қатори ҳама дастовардҳои сиёсиву иҷтимоӣ, саноативу кишоварзӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайра дастоварде, ки ба таври умда метавон гуфт, ҳосили ниҳоӣ ва ҷамъбастии ҳама дастовардҳо,  нуқтаи олии пирӯзиҳои миллии мо дар даврони истиқлолият аст ва метавон бо он ифтихор наму, ин ба даст овардани руҳияи умумӣ ва ягонаи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар саросари мамлакати мо аст.

Имрӯз дар Тоҷикистон касеро наметавон ёфт, ки фориғ аз ин эҳсосот,  яъне, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бошад. Дар навбати худ эҳсосоти фарогири ватандӯстӣ миллати моро ба ягонагиву  ҳамсириштӣ, ба ваҳдати миллӣ ва созандагиҳо роҳнамо гардидааст. Маҳз ҳамин эҳсосот, чунон ки дидем, ба шинохти ҳувият ва таърихи худ, ба худшиносии миллӣ меорад ва миллатро ба пеш, ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят месозад.

Дар ҷаҳони ҳозира, дар тамаддуни имрӯзии дунёи бисёр мураккабу пуртазоду ноором, ки ҳеҷ кишваре кафолате ба ғайр аз  худ надорад, ин падида барои миллати мо бисёр муҳиму арзишнок ва хуҷаста мебошад. Яъне, Пешвои миллати мо, Ҳукумати Тоҷикистон тавонистанд чунин сиёсатеро пеш гирифтаву амалӣ созанд, ки миллати моро ба ин нуқтаи олӣ, ба ягонагии халқу миллат  расонанд.

Аз соли нахустини оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз ҳар соли Истиқлолияти мо пур аз дастоварду пирӯзиҳои миллӣ гардид. Халқи пас аз садсолаҳо ба армони таърихии худ –ба озодӣ расидаи мо ин дастоварди тахрихиро пос дошта, ҳадафи бузурги эҳёи миллӣ ва ҳадафҳои баланди дигарро, ки ташаккули миллату маънавиёт ва бунёди қавии ҳастии миллатро таъмин менамоянд,  дар пешорӯи худ гузошт.

Яке аз хуҷастатарин корҳои эҳёие, ки таҳти Сарварии Президенти Тоҷикистонва Ҳукумати Тоҷикистон ба иҷро расид, ин бунёди чаҳор ҷашни миллии мо дар чаҳор фасли сол чун чаҳор унсури зиндагии миллати соҳибтамаддуни мо буд.

Ахиран дар қатори ҷашнҳои мубораки  Садаву Наврӯзи аҷам ва Меҳргон ҷашни Тиргон низ эҳё гардид.  Ин ҷаҳор ҷашне, ки маънову мазмун ва ҳадафҳои башарӣ доранд, сиришти инсониву фарҳаниии миллати моро дар худ таҷассуми дурахшон додаанд. Ҷашни Тиргон ахиран ба ин чаҳоргонаи ҷашнҳо илова гардид ва бояд гуфт, боз ҳам ба закои Пешвои миллати мо ва ташабусҳои ватандӯстонаи он кас бояд қоил шуду сар хам намуд, ки ин тиҳигоҳи холимондаро мантиқан дуруст  дарк намудаву пурра намуданд, то ки он чор рукн барқарор гардад.  Зеро Тиргон яке аз он ҷашнҳои қадимии миллати мо аст, ки ҳатто дар асрҳои миёна аз байн рафта буд. Танҳо дар байни халқи тоҷик дар суннатҳои наҷиби он зинда монда буду ба шаклҳои гуногун, аз ҷумла, ба шакли суннати миллии халқамон “Ашагулон” боқӣ монда буд. Ва баъзе суннатҳои он дар зиндагӣ ва фарҳанги халқи соҳибхиради мо маҳфуз монда буд. Ин ҳам як падидаи беназир, гувоҳи бозгашти миллати мо ба асолати таърихии хеш мебошад, ки мо ба ин ҷашни миллиамон, яъне ба Тиргон эҳёи тоза бахшидем. Аз ин рӯ, мо хостем ба қатори дастовардҳои замони истиқлолият ин падидаи дурахшонро низ ҳамроҳ созем.

Дар бораи ин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ борҳову борҳо мушахассан гуфтаему ҳоҷати такрор ҳам нест, зеро ҳамагон аз он хуб огоҳ ҳастанд.

Дар мавриди дастовардҳои соли сипаришаванда, яъне соли 2023 низ метавон далелҳои фаровони зиёд овард. Банда гуфта будаму бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар боре, ки ин ё он сафари Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии мамлакат доир мешавад, ҳангоми гузориши ин сафарҳо ҳама корамро сӯе мегузораму дар назди телевизони Тоҷикистон менишинам, зеро медонам, ки дар ин сафарҳо ҳатман шоҳиди як бунёдкориву созандагии дигари наве дар мамлакат  мегардам; ҳатман як корхонаи нави саноатӣ, як бинои нави маъмурӣ, як мактабу табобатгоҳи нав, як қасри нави фарҳанг ё варзишгоҳи нав, боғу гулгашту фарғатгоҳе дар ҷумҳурӣ бунёд гардидааст. Чӣ метавонад волотар аз ин, яъне ободию пешрафти давлати азизамон бошад?

Соли 2023 низ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии мамлакатамон чунин дастовардҳо фаровон буданд, дар ҳама гӯшаҳои мамлакат, ки  як ба як  номбар намудани ин созандагиҳо метавонад саҳифаҳои зиёдеро пур намоя.

Аммо, ҳоло банда мехоҳам дар бораи чанд дастоварди маънавии халқу  мамлакат сухан гӯям, ки идомаи ташаббусҳои Пешвои миллатамон дар ин соҳа, яъне соҳаи маънавиёт мебошанд. Дар соли 2023 яке аз хуҷастатарини онҳо, ба андешаи ман,  созмон додани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърих ва миллат» мебошад, ки бузургтарин ҳадафи миллӣ – худшиносии миллӣ, шинохти таърихи худ, ҳувияти миллиро пайгирӣ менамояд. Бубинед, закои Пешвои миллати моро, ки ҳанӯз ду сол пештар аз ин бо ташаббуси худ,  ба ҳар як хонадони тоҷик ин китоби арзишмандро ҳадя намуданд, ки чандин рамзҳои бузургро  пайгирӣ дошт. Аввал ин ки таърихан дар хонадони тоҷик ҳамеша як китоби муқаддас нигоҳ дошта мешуд  ва онро ҳатто ба зери сари тифлон дар гаҳвораҳо мегузоштанд ва ин як далели соҳибфарҳангии миллати мо буду ҳаст. Дуюм, ин ки маҳз китобе тақдим шуд, ки дар он тамоми таърихи пурифтихору пурғановати миллатамон инъикоси мондагор ва ифтихоромез ёфтааст ва ин, бешубҳа, дар равнақи худшиносии миллӣ саҳми бузург мегузорад.

Истиқболи самимона  аз озмуни  ««Тоҷикон»-оинаи таърих ва миллат» дар саросари мамлакат, иштироки теъдоди ҳазорон нафар дар ин озмун гувоҳи он аст, ки мардуми мо нисбат ба таърихи худ, дастовардҳои таърихӣ, ифтихороти миллиашон бетафриқа нестанд. Хеле хубу ҷолиб буд, ки ин озмун ба тариқи шабакаҳои телевизонӣ пайваста намоиш дода шуду ҳазорон нафар тамошобинон низ шарику шоҳиди онҳо гардиданд ва бардоштҳое аз онҳо доштанд, ки низ дар худшиносии миллиашон бетаъсир набуд.

Иштироки бисёр фаъоли насли наврас, ҷавонон, миёнасолон ва ҳатто калонсолон дар ин озмун гувоҳи он буд, ки мардуми тоҷик новобаста ба синн, таваҷҷуҳ ба китоб, ба хониш, ба таъриху ҳувияти миллии худ доранд ва имрӯз миллати моро эҳсоси ягонаи ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ фаро гирифтааст.

Албатта, ин озмун ва ҳама озмунҳои дигаре, ки Пешвои миллатамон амалӣ ва дастгирӣ намудаанд, падидаҳои беҳамтое дар зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд, ки танҳо бо закои Пешвои миллати мо маҳз  дар мамлакати мо амалӣ гардиданд ва бори дигар гувоҳи ворисони нобиғагону донишмандон ва адибони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ будани тоҷиконро нишон медиҳад.

Озмунҳо нишон доданд, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёни онҳо ба ин мавзуъ хеле амиқ ва бо камоли дарку фаҳмиш буд.  Яъне ҳадафи волое, ки Пешвои миллати мо аз гузаронидани ин озмун ба назди ҷомеа гузошта буданд, ҳосил шуд ва тир ба нишон расид. Ва заминаи қавие барои оянда дар самти худшиносӣ ва ифтихороти миллӣ гузошта шуд.

Падидаи дурахшони дигар дар соли 2023- ин, бешубҳа, эълони тақдими китоби “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ низ ба ҳар як хонадони тоҷик буд. Ин иқдоми беназири Пешвои миллати мо бори дигар гувоҳи сиришти баланди ҳам ватандӯстӣ ва ҳам фарҳанпарастии Пешвои миллатамон аст, ки касеро бе тафриқа нагузошт.  Ва мо тоҷикон ифтихор менамоем, ки имрӯз чунин Пешвои хирадманду фазилатпеша дорем.

Мо танҳо дар мавриди ду падида, ду дастоварди дурахшони соли 2023 дар соҳаи маънавиёти мамлакат сухан намудем, ҳол он ки падидаҳои зиёди дурахшони дигар низ арзи вуҷуд доштанд.  Дар мавриди дастовардҳои мамлакат дар самти сиёсати байналмиллалӣ, ки бори дигар обрӯву нуфуз ва мавқеи Тоҷикистон ва Пешвои онро дар арсаи ҷаҳонӣ қавитар намуданду хеле зиёданд, борҳо гуфтаем. Ҳамин гуна дастовардҳо дар тамоми соҳаҳои зиндагиву рӯзгор ва ҳаёти иҷтимоиву хоҷагии халқи мамлакат ба даст оварда шуданд, ки гувоҳи сиёсати созандаву ватандӯстонаи  Пешвои миллатамону Ҳукумати Тоҷикистон ва хусусан заҳматҳои бунёдкоронаи мардуми тоҷик мебошанд.

Яъне, ки соли 2023, бешубҳа, саҳми бузургу таърихии худро дар бунёди қасри бегазанди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон, боло бардоштани сатҳи зиндагии халқамон, ободонию пешрафти Тоҷикистони азиз гузоштаву заминаҳои қавие барои бунёдкориҳои ояндаи сарзаминамон муҳайё намудааст. Ва ин беҳтарин ҳадя  ва дастовард дар ҷамъбасти соли сипаришудаистода ва ба истиқболи соли нави 2024 дар сарзамини мо мебошад.

 АКС аз манбаъҳои боз / АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 31, 2023 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон