Намояндаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми сайёри намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони порлумон иштирок намуд

Декабрь 5, 2023 09:10

ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи 10-уми сайёри намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони порлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағирёбии иқлим, ки  дар  ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28) дар шаҳри  Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар мавзӯи  «Такмили қонунгузорӣ, заминаҳои институтсионалӣ ва татбиқи сиёсати иқлим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва иҷрои уҳдадориҳои ба зимагирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқлим баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеияти мушкилоти тағйирёбии иқлим ва зарурати амалкарди ҳамоҳангшуда ва глобалиро ба таври қатъӣ эътироф намудааст. Бисёре аз бахшҳои иқтисодиёт, экосистемаҳои табиӣ ва саломатии аҳолӣ ба ҳодисаҳои номусоиди обу ҳаво ва тамоюлҳои дарозмуддати устувори тағйирёбии иқлим бештар осебпазир мешаванд.

Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташаббусҳои қонунгузорӣ маркази чорабиниҳои гуногун оид ба ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим мебошад. Масалан, 18 апрели соли 2023 дар Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии парлумонӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – ташаббускор дар самти глобалии об» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳои масъул доир гардида, рафти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, инчунин такмили қонунгузории мамлакат  дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳар сол дар чаҳорчӯби муҳокимаҳои парлумонӣ ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои экологӣ таҳлил гардида, дар натиҷаи он ба вазорату идораҳои масъул тавсияҳо дода мешаванд.

Инчунин, порлумони мамлакат ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақола ва корҳои илмӣ дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист, иқтисоди сабз ва татбиқи санадҳои байналмилалиро дар ин соҳа баргузор мекунад, ки дар он намояндагони бахшҳои мухталифи ҷомеа иштирок доранд.

Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон заминаи қонунгузорӣ ва дастурии амалҳое, ки ба ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд, фароҳам оварда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Созишномаи Париж барои коҳиш додани таъсири тағйири иқлим якчанд тадбирҳои қонунгузорӣ ва иқтисодӣ андешида аст.

Саҳми Тоҷикистон дар беҳбуди вазъи экологии тамоми минтақа ва сайёра тавассути коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ афзоиш ёфта, дар ҷумҳурӣ  барои рушди «иқтисоди сабз» тамоми шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар Тоҷикистон ба истифодаи самараноки манобеи барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйири иқлим ва ташаккули “иқтисоди сабз” мусоидат мекунад, аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Ин чорабиниҳо мусоидат менамоянд, ки амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва барномаҳои миллӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва идоракунии захираҳои об, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, афзунгардонӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва коҳиш додани талафоти энергетикӣ, таҷдид, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва рушди бахшҳои иқтисодиёт имконпазир гардад.

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2023 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад