ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РАҲНАМОИ МО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН. Андешаҳои аҳли зиё дар ин мавзуъ

Декабрь 30, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 30.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре огоҳӣ дорем, 28 декабр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки дар он тамоми самтҳои афзалиятнок ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат баррасӣ шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» таассуроти чанд нафар аҳли зиёи мамлакатро оид ба Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ манзури хонандагони сомона мегардонад.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ иброз намуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муждаи комилан нави барномаҳои иҷтимоӣ, ифтитоҳу навсозиҳои беназир дар кулли риштаҳои иҷтимоӣ, иқтисоду сиёсат, илму маориф ва фарҳангу ҳунар маҳсуб мешавад.

«Президенти мамлакат оид ба масоили рушди сармояи инсонӣ, беҳбуди сатҳи зиндагии мардум, густариши касбомӯзӣ ва таъминоти шаҳрвандон бо ҷойи кор, таъсиси 100 ҳазор ҷойи кор дар мамлакат, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ намудани рушди сайёҳӣ, вусъат додани рақобати маҳсулотии ватанӣ, рушди энергия ва иқтисодиёти «сабз», соли 2037 комилан ба давлати «сабз» табдил додани Тоҷикистон, бо мақсади раҳоии комил аз бунбасти коммуникатсионӣ ояндаи наздик ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои милливу сайёҳӣ таъсиси Агенти ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, эълон шудани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз сухан гуфтанд. Дар ин Паём Пешвои миллат бо эътибор ва иродати бузург ба ҳайсияти зан-модар руҷӯи хос изҳор намуданд. Ҳамзамон дар ин замони мураккабу ихтилофбор барои тарбияи насли хирадбунёд, ватандӯсту фарҳангсолор нуктаҳои муҳим баён намуданд», — иброз намуд ӯ.

Ҳамзамон Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ тазаккур дод, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фарохтар аз як Паём буд. Яъне ин Паёми Пешвои миллати мамлакат ба шаҳрвандони мамлакаташ, Паёми Пешвои миллат ба миллаташ ва дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Роҳбари хирадманди дурандешу сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба тамоми ҳам шаҳрвандони мамлакат ҳам мардуми дунё буд. Зеро дар Паёми навбатӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ва вазъи дурнамои мамлакат ва ҷаҳони муосир ба риштаи таҳлил кашида шуд. Ҳамзамон Пешвои миллат оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дастуру супоришҳо ваи вазифаву роҳнамоии мушаххаси худашонро манзур намуданд. Нахуст аз дастовардҳо дар мамлакат гуфта шуд, ки ҳамагон бо чашми сар мебинем ва баъдан ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмини ҳаёти шоиста баҳри ҳар сокини ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас ба Ҳукумати мамлакат, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони вазорату идораҳо доданд. Ман фикр менамоям, ки ин Паём баҳри боз ҳам дар сатҳи баландтар ва боз ҳам беҳтар муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Яке аз нуктаҳои муҳимтарини Паём- ин, пеш аз ҳама, соҳаи иҷтимоӣ буд ва бори дигар таъкид гардид, ки дар масъалаи маблағгузорӣ соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф дар Тоҷикистон яке аз ҷойҳои хеле назаррасро ишғол менамояд. Ин сабаб шудааст, ки имрӯз сатҳи дониш ва сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар шуда, барои насли наврас шароити хуб муҳайё гардад.

Гузашта аз ин Пешвои миллат ҷиҳати ба талаботи муосир ва байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани илм ва дастовардҳои илмӣ, махсусан пайванди илм ва истеҳсолот, ҷорӣ намудани истеҳсолоти илмӣ дастурҳои мушаххас доданд ва фикр мекунам ин дастурҳо иҷрошаванда ҳастанд.

Бо дастгирии Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат илми тоҷик мунтазам рушд менамояд. Боварии комил дорам, ки бо он дастгирие, ки имрӯз ҳаст ва тавассути иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба ихтироъкорию навоварӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, инчунин забономӯзӣ ҷавонони мо дар риштаи илм ва илми байналмилалӣ мавқеи худро пайдо менамоянд».

Муовини сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода андешаҳои худро баён дошта, гуфт, ки «воқеан Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои мо, ҷавонон бисёр хотирмон буд, зеро Пешвои миллат нишондиҳандаҳои соли 2023-ро соҳа ба соҳа натиҷагирӣ намуданд. Боз ҳам барои рушди Тоҷикистон дар солҳои оянда барномаву нақшаҳо ва вазифагузориҳо баён доштанд. Дар баробари ин мо шоҳиди он будем, ки воқеан ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон иқтисоди мамлакат дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Хушбахтона, миллати тоҷик имрӯз дар арсаи байналмилалӣ бо иродаи матин ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои боз ҳам рушд додани Тоҷикистони соҳибистиқлол талошу ташаббусҳои созандаи худро равона намудааст. Дар баробари ин мо дарк намудем, ки воқеан ҳам тамоми соҳаҳои ҳаётии ҷомеа дар ҳоли рушд қарор доранд ва нақши мардуми мамлакат, хосса насли ҷавон дар ҳама соҳаҳо бисёр муҳим ва назаррас мебошад. Тавре Пешвои миллат таъкид доштанд, имрӯз дар кадом соҳае, ки набошад, нақши ҷавонон бағоят бузург аст. Имрӯзҳо беш аз 97 фоизи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, ҳамзамон беш аз 23 фоизи кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҷавонони далеру ғаюр ташкил медиҳанд, ки дар ин иншооти азими аср ҳиссаи худро мегузоранд.

Насли ҷавони мамлакат бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ минбаъд низ дар амалӣ ва татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ва дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд гузорад».

Ҳамзамон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Рухшона Каримзода иброз дошт, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самти сиёсати дохиливу хориҷии имрӯзаи мамлакат иброз намуданд, ки асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи мамлакатро сиёсати «дарҳои боз», омадагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳама субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтирому усулҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил медиҳад.

Имрӯз бо шарофати истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик ҳаёти осоиштаю оромона дорад. Сарвари давлат соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки ин дастгирии мо, ҳуқуқшиносони ҷавон мебошад».

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 30, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент