Президенти Тоҷикистон бо такя ба захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ иҷрои шаш тадбири амалиро зарур донистанд

Декабрь 29, 2023 17:41

ДУШАНБЕ, 29.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ки иттилоъ додем, 28 декабри соли 2023 дар толори калони  «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Президенти  Тоҷикистон дар баробари натиҷагирӣ аз фаъолияти самараноки Ҳукумати мамлакат дар бахшҳои иқтисоду иҷтимоиёт, молияву андоз, маорифу тандурустӣ, роҳу нақлиёт ҳамчунин ба бахши энергетика таваҷҷуҳ намуда, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, сохторҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки солҳои оянда баҳри иҷрои шаш тадбири муҳим амалҳои заруриро ба анҷом расонанд. Зимнан, ҳар яке аз ин шаш тадбир дар навбати худ иҷрои амалҳои пайдарпайро талаб менамояд.

АМИТ «Ховар» ҳадафҳои шаш тадбиреро, ки Президенти  Тоҷикистон иҷрои онҳоро зарур донистанд, мавриди омӯзиш қарор дод.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал супориш доданд, ки бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда бомаром идома дода шавад. Иқтидорҳои энергетикии Тоҷикистон давоми солҳои оянда ба 10 ҳазор мегаватт расонида шавад. Баҳри расидан ба ин мақсад тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати дарёфти маблағгузории иқтидори нави тавлиди энергияи «сабз» вусъат дода шавад.

Дастури дуюм дар бахши энергетика омода ва пешниҳод намудани лоиҳаи бунёд ва корҳои асосноккунии техникии се неругоҳи барқи обиро дар бар гирифтааст: яке неругоҳи барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, дигар, неругоҳи барқи обии «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар дарёи Панҷ ва сеюм, Неругоҳи барқи обии «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт. Ҳадафи бунёди ин неругоҳҳои барқи обӣ беҳтар намудани таъминоти аҳолии мамлакат бо барқ, рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия, сохтмони хатти интиқоли барқ ва тақсимоти барқ мебошад.

Дар ҳақиқат агар неруи барқи арзон, безарар, осондастрасшаванда набошад, чӣ гуна метавон саноати металлургияи миллӣ ва истихроҷи маъданро аз мавзеъҳои мураккаби кӯҳсорон ба роҳ монд?

Сарвари давлат дар Паём оид ба зарурати идома додани амалисозии лоиҳаи CASA-1000 изҳори назар намуданд.

Зимнан, то чанд сол пеш ин лоиҳа яке аз ҷолибтарин лоиҳаҳои минтақавӣ ба шумор мерафт ва танҳо вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои минтақа ва дигар омилҳои ба Тоҷикистон вобастанабуда боис гардиданд, ки ин лоиҳа муваққатан ба канор гузошта шуд. Сарвари давлат на танҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 изҳори назар намуданд, ҳамчунин оид ба азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ зарур донистанд, ки тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Воқеан ҳам, Тоҷикистонро зарур аст, ки ба масъалаи содироти неруи барқ дар ояндаи наздик муносибати арзанда намояд, зеро интиқоли неруи барқ ба кишварҳои хориҷӣ боиси афзоиш ёфтани буҷети Ҳукумат ва сокинони мамлакат мегардад.

Яке аз мушкилоти доимии соҳаи барқи мамлакат- ин талафоти неруи барқ мебошад ва Сарвари давлат дар ҳар мавриди муносиб зимни баррасии масъалаҳои бахши энергетика мунтазам ба ин мушкилии ҷойдошта таваҷҷуҳ менамоянд. Дар Паёми навбатӣ низ Президенти  Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, сохторҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «ҷиҳати кам намудани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъат бахшида шавад».

Дар идома, Президенти мамлакат оид ба зарурати истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ, ки ин захираҳо дар Тоҷикистон кам нестанд, чунин гуфтанд: «Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».

Ҳоло дар аксар кишварҳои пешрафтаи олам, ҳамчунин тамоми консернҳои маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ ҳангоми истеҳсоли мошинҳо, таҷҳизоту дастгоҳҳои мухталифи истеҳсоливу саноатӣ барои ба сатҳи камтарин (минимум) расонидани истифодаи неруи барқ аҳаммияти якумдараҷа медиҳанд.  Зеро ҳар қадар неруи барқ камтар истифода ва талафоти беҳудаи он пешгирӣ  шавад, ҳамон андоза маҳсулот ва ё хизматрасонӣ бо нархи арзон дастрас мегардад, ба табиат зарари кам мерасад, муҳити зист аз зиёни инсон эмин мемонад.

Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар иҷрои тадбири шашум оид ба энергетика зарур донистанд, ки «корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд».

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 29, 2023 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд