СУРАТГУЗОРИШ. Дар шаҳри Минск ҷаласаи ХХХ Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи ХХХ Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Дар кори он директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода якҷо бо роҳбарон ва намояндагони агентиҳои давлатии иттилоотии Русия, Беларус, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Қирғизистон ва инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Иштирокдорони ҷаласа дар баробари баррасии масъалаҳои рӯзнома ҳамчунин оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули назар намуданд.
Аз ҷараёни баргузории ҷаласаи ХХХ Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суратгузориш пешниҳод мегардад.
АКС: «БелТА»