Директори АМИТ «Ховар» дар ҷаласаи Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар шаҳри Минск иштирок намуд

Декабрь 15, 2023 13:08

ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи ХХХ Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар кори он директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок намуд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ, директори генералии ТАСС Андрей Кондрашов оғоз намуд.

Ба муносибати 105-солагии ташкил ёфтани агентии телеграфии Беларус «БелТА» директори генералии он Ирина Акулович сухан гуфт.

Дар ҷаласа дар мавзуъҳои «Самтҳои ҳамкорӣ дар соли 2024», «Чорабиниҳо дар Тоҷикистон бахшида ба Соли ҳаракати волонтёрӣ дар ИДМ», «Ҳамкории байналмилалии агентии АЗЕРТАҶ дар доираи Паймони агентиҳои иттилоотии туркӣ», «Дар бораи таҷрибаи ҳамёрӣ бо Шуроҳои миллии Делфӣ ва Кумитаи байналмилалии Делфӣ дар инъикоси Бозиҳои Делфӣ», «Натиҷаҳои рӯйдодҳои асосии ИДМ дар соли 2023 ва чорабиниҳои асосии Иттиҳод дар соли 2024» маърузаҳо шунида шуданд.

Иштирокдорони ҷаласа оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ табодули назар намуданд.

АКС: «БелТА»

Декабрь 15, 2023 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст