Таҳти раёсати шаҳри Душанбе Форуми раисони шаҳрҳои Осиё доир шуд

Декабрь 14, 2023 10:39

ДУШАНБЕ, 14.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии ҳисоботӣ-ҷамъбастии Форуми раисони шаҳрҳои Осиё таҳти раёсати шаҳри Душанбе тариқи маҷозӣ доир шуд, ки дар кори он намояндагон аз 32 шаҳри узви ин созмон иштирок доштанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар вохӯрӣ натиҷаҳои фаъолияти созмон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 мавриди муҳокима ва баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Шаҳри Душанберо дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода намояндагӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе узви фаъоли Форуми раисони шаҳрҳои Осиё буда, раёсати онро то соли 2025 ба зимма дорад. Ҳамзамон шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (Мегаполис), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, шаҳрҳои Муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ буда, айни замон бо 20 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибатҳои дӯстона ва бародарона дорад.

Шаҳри Душанбе бо дарназардошти имконияту дастовардҳо солҳои охир ҳамчун макони амнтарин, беҳтарин шаҳри сайёҳӣ ва гаштугузори шабона, инчунин пойтахти фарҳангии давлатҳои минтақа пазируфта шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Декабрь 14, 2023 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад