ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, душанбе, 345-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 11, 2023 08:00

Соли 1946  Фонди кӯдаконаи Созмони Милали Муттаҳид  (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.

***

11 декабри соли 2012 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шурои миллии рушд баргузор гардид.

*** 

11 декабри соли 2012 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръапартоии мусобиқоти Осиё байни дастаҳои футболбозони ҷавон баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи «С» минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шомил гардид.

***

11 декабри соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» илова ворид намуданд.

***

11 декабри соли 2014  дар шаҳри Душанбе нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди баргузории интихобот баррасӣ гардид.

***

11 декабри соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар конференсияи «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» ба Туркманистон сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

11 декабри соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 68-уми Шурои иқтисодии ИДМ иштирок намуд.

*** 

11 декабри соли 2017 дар доираи сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд мавзеъҳои қадимаву таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.

***

11 декабри соли 2019 дар Cафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи нав ба тасвиб расид.

***

11 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

11 декабри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар солҳои 2005-2021 Ангела Меркел барқия ирсол намуданд.

11 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии кӯҳ.

Декабрь 11, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст