ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, ҷумъа, 349-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 15, 2023 08:00

15 декабри соли 1972 ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист таъсис дода шуд.

***

15 декабри соли 2011 дар шаҳри Берлин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт.

***

15 декабри соли 2011 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии «Ҳисоботи миллӣ оид ба куҳансолӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

15 декабри соли 2016 Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри-Ланка ба имзо расид.

 ***

15 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе маҷмӯаи нави «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-ноябри соли 2016 нашр шуд.

*** 

Соли 2017 Парлумони Тоҷикистон таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши он дар татбиқи Стратегияи миллии рушдро баррасӣ намуд.

***

15 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка муҳтарам Ҷо Байден барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

15 декабри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо таманниёти нек Президенти  якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати рӯйдоди таърихӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

***

15 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот намуданд.

15 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

 Рӯзи байналмилалии чой.

***

Дар Русия – Рӯзи хотираи журналистони ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалокшуда.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Сафар Амиршоев — соли 1912-иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сержанти калони гвардия.

Декабрь 15, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 276-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, сешанбе, 268-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, душанбе, 267-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, якшанбе, 266-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, шанбе, 265-умин рӯзи соли 2024 аст