ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, сешанбе, 360-умин рӯзи соли 2023 аст
26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе анҷумани даҳуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он меҳмонон аз баъзе мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок намуданд. Дар анҷуман бо ҳисоботи 15-солаи фаъолияти ҳизб Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъруза намуданд.
***
26 декабри соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Хонаи кӯдакони бепарастори шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо шароити зисту таълими онҳо шинос шуданд.
***
26 декабри соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, роҳбарият ва ҳайати шахсии онро бо иди касбиашон, ки 28 декабр мебошад, табрик гуфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуданд.
***
Соли 2017 истгоҳи нави метрои шаҳри Тошканд ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.
***
26 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуданд.
26 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Словения – Рӯзи истиқлол ва муттаҳидӣ.