ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, чоршанбе, 361-умин рӯзи соли 2023 аст
27 декабри соли 2007 дар шаҳри Душанбе масъалаи мушкилот ва дурнамои рушди ВАО-и русзабон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
***
27 декабри соли 2008 дар шаҳри Душанбе давраи ҷамъбастии озмуни сарояндагони ҷавони Тоҷикистон «Ориён, Сомониён, Тоҷикистон-2008» баргузор шуд.
***
Соли 2012 дар шаҳри Новосибирск дзюдочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи 32-юми анъанавии умумирусиягии «Дӯстии халқҳо» оид ба дзюдо мақоми аввалро касб намуд.
***
27 декабри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳо тақдим намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 ҳикоя-ёддошти рӯзноманигори барҷаста, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Олег Дмитриевич Соболев бо номи «Рӯзҳои муҳосира дар канори Ленинград» аз чоп баромад.
***
27 декабри соли 2016 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Рустам Азимов масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар шуд.
***
27 декабри соли 2017 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид.
***
27 декабри соли 2020 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии «Манзили дастрас», воқеъ дар хиёбони Сино, дар шафати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев мавриди истифода қарор дода шуд.
***
27 декабри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.
27 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Русия — Рӯзи наҷотдиҳандагон.
***
Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи оила.
***
Дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Рӯзи Конститутсия.