ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 декабр, якшанбе, охирин рӯзи соли 2023 аст
31 декабри соли 1925 бо қарори ҳайати раёсати Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии худмухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон шуъбаи ТАСС дар Тоҷикистон таъсис ёфта буд, ки баъдан шуъба мақоми Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб намуд. Ҳоло ТоҷикТА ба Агентии миллии иттилоотии Точикистон «Ховар» -и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном намуда, ҳамчун манбаи расмии иттилоотии Тоҷикистон шинохта шудааст.
***
31 декабри соли 1998 дар Русия аввалин маротиба хати телефони байнишаҳрии Санкт-Петербург-Москва амалӣ шуд. Маҳз дар Русия хати телефоние пайдо шуд, ки он замон дар тамоми Аврупо дарозтарин маҳсуб мешуд.
***
31 декабри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи байни ду давлат баҳои баланд доданд.
***
31 декабри соли 2009 мулоқот ва намоишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон ва Дубай доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.
***
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи муштараки Комиссия оид ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.
***
31 декабри соли 2020 намояндаи Тоҷикистон ғолиби номинатсияи «Беҳтарин овозхон» дар Озмуни байналмилалии телевизионии «Во весь голос 2020» гардид
***
31 декабри соли 2021 байни Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеа асосёфта Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
31 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Қирғизистон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.
***
Рӯзи ҳамраъйии озарбойҷониёни тамоми ҷаҳон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ:
Бобоҷон Ғафуров— соли 1908- Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967).