Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зӯроварӣ дар оила мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар назди Маҷлиси намояндагон ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар мавзуи «Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зӯроварӣ дар оила» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар ва Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон»-ро эътироф намудааст, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ маҳсуб шуда, меъёрҳои онҳо тадриҷан ба қонунгузории ҷумҳурӣ ворид ва иҷрои онҳо барои беҳдошти вазъи занон дар ҷомеа равона шудаанд.
Бояд гуфт, ки таҷриба ва омори бадастомада нишон медиҳанд, ки дар баробари дастовардҳо бо баъзе сабабҳо амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» дар ҷомеа ба такмил ниёз доранд.
Имсол аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон барои мукаммал гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» якчанд тағйиру иловаҳо пешниҳод шуданд, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор доранд.
Вобаста ба падидаҳои нави дар ҷомеа пайдошуда имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони мақомоти калидии мамлакат ва шарикони рушд ҳама якҷоя дар атрофи ин масъала фикру андешаҳои худро иброз менамоянд. Ҳамзамон аз татбиқи ин қонун давоми даҳ сол натиҷагирӣ намуда, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила мубодилаи афкор менамоянд.
Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон сухан гуфтанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






