ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид

Декабрь 15, 2023 16:53

ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ» ҳамоиш баргузор шуд, ки дар он масъалаи печидашавии вазъи сиёсии байналмилалии ҷаҳон ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ баррасӣ гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода изҳор намуд, ки имрӯзҳо кишварҳои ҷаҳон талоши худро ба он равона намудаанд, ки барои ҳифз ва тақвияти назми ҷаҳонӣ як стратегияи куллиро амалӣ созанд, зеро хавфи аз назорати ниҳодҳои эътиборноки байналмилалӣ хориҷ шудани идораи бештари равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳанӯз боқӣ мемонад.

«Баъзе аз давлатҳо аз он изҳори ташвиш менамоянд, ки назми ҷаҳонии пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тарҳрезишуда аз бисёр ҷиҳат шикаста ба назар мерасад ва бояд низомҳои нави ташаккулёбанда ҷойгузини онҳо гарданд. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала чунин аст, ки бояд фаъолияти ниҳодҳои мавҷудаи низоми байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид (СММ)  тақвият дода шавад ва созмонҳои минтақавӣ низ дар паҳлуи ин созмон қарор гиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ин рӯ ҷонибдории худро аз  низоми чандҷанбавии (мултилатерализм) пайваста баён дошта, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва олам аз он пайгирӣ менамояд»,-баён дошт ӯ.

Таъкид гардид, ки дар маҷрои ин хатарҳо равшан мушоҳида мешавад, ки баъзе аз давлатҳо, баръакс  дар талоши ҷойгир намудани  диду мавқеашон бе эҳтироми мавқеи дигар кишварҳо ба ҷойи қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ мебошанд. Яъне, имрӯз байни кишварҳо ва низомҳои сиёсӣ рақобати хатарноки ҳастисоз ба вуҷуд омадааст.

Имрӯзҳо нақши кишварҳои рушдёбанда дар таъмини пешрафти иқтисоди ҷаҳонӣ афзуда, бештари онҳо дар идоракунии равандҳои ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Иброз гардид, ки вазъи сиёсии байналмилалӣ мураккабу печида ва пешгӯйинашаванда гардидааст ва пайи ҳам тағйирот ба амал меоянд, ки хоҳу нохоҳ таъсири худро ба кишварҳои рӯ ба рушд мегузоранд.

Ҳамзамон  таъкид гардид, ки барои ҳифзи суботи мамлакат таҳлилҳои амиқ дар бахшҳои сиёсати хориҷӣ ва амнияту иқтисодӣ зарур мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2023 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад