Барои дарёфти стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 19.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву таҳқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.
Довталабони стипендияҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд:
— ба ҳаракату маҳфилҳои ҷамъиятии наврасону ҷавонон (созмонҳои хонандагӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, «Пайравони Пешвои миллат», «Созандагони Ватан» ва ғайра) аъзо мебошанд;
— бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил менамоянд;
— дастовардҳои илмиву эҷодиашон дар ВАО нашр шуда бошанд.
— фаъолияти эҷодкорӣ ва дастовардҳои назаррас, аз қабили мақола(ҳо)и илмӣ – оммавӣ, ихтирооти амалӣ, малакаи ровигӣ, идорӣ, забондонӣ ва ғайра дошта бошанд;
— дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд;
— барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошанд;
— рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон, ҳамкурсон ва кормандон дар як соли охир бо назардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари муассисаи таълимӣ);
Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмуни стипендияҳоро доранд, ҳуҷҷатҳои худро то 5 марти соли 2024, соати 17:00 ба сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе (бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино) бояд пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳо ва рӯйхати довталабон бо тасдиқ ва мактуби расмии муассисаи пешиҳодкунанда тавассути сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қабул мешаванд.
Телефонҳо барои маълумот:
шаҳри Душанбе — 2217283,936881122, 811070101
ноҳияи Фирдавсӣ — 2331576, 777150707
ноҳияи Исмоили Сомонӣ — 2277963, 909038787
ноҳияи Шоҳмансур — 2270134, 55 555 8421
ноҳияи Сино — 917 44 44 66
АКС аз манбаъҳои боз








МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






