Дар иёлати Техаси Амрико бар асари таркиш дар меҳмонхона 21 нафар ҷароҳат бардоштанд

Январь 9, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 нафар дар натиҷаи таркиши меҳмонхонаи Sandman Signature дар Форт Уорт (иёлати Техас) захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус бахши маҳаллии шабакаи телевизионии Fox News хабар додааст.

Тибқи иттилои шабакаи телевизионӣ, як нафар дар ҳолати вазнин қарор дошта, чор нафар осеби ҷиддӣ бардоштаанд, аммо ба ҳаёти онҳо ҳеҷ чиз таҳдид наменамояд. Боқимондаҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд ва дар ин ҳодиса касе  ҳалок нашудааст.

Қаблан хабаргузории Associated Press бо истинод ба сӯхторнишонони маҳаллӣ дар бораи 20 зарардида иттилоъ дода буд.

Сӯхторнишонҳо дар ҷои ҳодиса изҳор намуданд, ки сабаби ин ҳодиса таркиши газ будааст. Таъкид гардид, ки дар меҳмонхона таъмир идома дошт.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 9, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд