Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар Покистон 3 нафар ҳалок ва 17 тани дигар захмӣ шуд

Январь 10, 2024 13:51

ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сешанбе дар натиҷаи афтидани автобус ба кӯле дар музофоти Панҷоб дар шарқи Покистон 3 нафар ҳалок ва 17 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин хусус хадамоти наҷотдиҳии маҳаллӣ хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа».

Автобуси мусофирбар ҳангоми гардиш ба кӯли хушкшуда афтода, дар натиҷа се мусофир: ду мард ва як зан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Пас аз қабули бонги хатар дар бораи ҳодиса наҷотдиҳандагон захмиёнро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд.

Автобуси вайрона аз пойтахти Покистон- шаҳри Исломобод ба шаҳри бандарии ҷанубии Қарочӣ ҳаракат менамуд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 10, 2024 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд