Дар робита ба ҳунарнамоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2023 ҳамоиши варзишгарони шаҳри Душанбе доир шуд

Январь 31, 2024 14:25

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти мамлакат дар робита ба қаҳрамонии футболбозони дастаи миллии Тоҷикистон, ки дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд, ҳамоиши варзишгарони шаҳри Душанбе баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар ҳамоиш масъулину кормандони соҳаи варзиши мамлакат иштирок намуда, миннатдориашонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба дар самти рушду нумуи варзиши мамлакат, бахусус футбол баён доштанд.

Инчунин бо мақсади иҷрои банди 17 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2022 ва банди 36 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026» ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2022  ба тасвиб расидааст, маросими қадршиносии беҳтаринҳо, варзишгарони муваффақ ва ташкилоти ҳамкор дар соҳаи варзиши шаҳри Душанбе дар соли 2023 доир гардид.

Дар он «Мураббии беҳтарин», «Варзишгари беҳтарин», «Беҳтарин муассисаи варзишӣ», «Толору клуби беҳтарин», «Корманди беҳтарини сол дар самти варзиш», «Футболбози беҳтарин», «Довари беҳтарин», «Телевизиони беҳтарин дар самти тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Наворбардори беҳтарин», «Ровии беҳтарин» ва «Беҳтарин федератсияи варзишӣ» бо Сипоснома, Ҷом ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Январь 31, 2024 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид