Дар шаҳри Турсунзода маъракаи шинонидани гулҳои гуногунранги лола оғоз гардид

Январь 3, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Турсунзода  шинонидани гулҳои гуногунранги лола оғоз гардид, ки ин амал бо мақсади иштироки фаъолона дар озмуну фестивалҳои дарпешистода, бахусус Фестивали «Сайри гули лола» амалӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Фестивали «Сайри гули лола» ҳамасола дар мамлакат таҷлил гардида, ҳадаф аз баргузории ин озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Баргузории озмун дар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони мамлакат ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Гули лола ва Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» рамзи Ватани наврӯзии тоҷикон буда, рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз аст. Эҳёи ин суннат аз дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардуми тоҷик сарчашма мегирад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 3, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд бо саҳми аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2000 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонида шуд
«ҶАВОНОН-ҲОМИИ САРСАБЗИИ ТАБИАТИ ТОҶИКИСТОН». Онҳо дар Душанбе 1000 бех ниҳоли сояафкан шинониданд
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Омӯзгорони ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 2000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар Хатлон 500 ҳазор бех дарахтони гуногун шинонида мешаванд
Сокинони деҳаи Шингаки шаҳри Панҷакент дар кӯҳдоман боғ бунёд намуданд
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дарахтони ҳамешасабз бояд то моҳи январ шинонида шаванд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар заминҳои таълимӣ-таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ шинонида шуданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 25 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида мешавад
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров токзори нав бунёд мешавад
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. «Тоҷикниҳолпарвар» беш аз 2 миллион бех ниҳол барои фурӯш омода намудааст
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Чанок беш аз 2500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Аз моҳи январ то март дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидааст