ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Ёрии Панҷакент ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд

Январь 14, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 14.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ҳашари ниҳолшинонӣ доир шуд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, зимни ҳашар дар ду тарафи роҳи даромади деҳа даҳҳо бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Чунин ҳашарҳо идома ёфта, дар ду тарафи роҳи Дупула-Ёрӣ ниҳолҳои гуногуни ороишӣ шинонида шуда, ҳама ҷо сабзпӯш мешавад.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Панҷакент ва сокинон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вусъати корҳои ободонию сабзгардонӣ, ҳифзи табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим хеле муҳим дониста шуд.

АКС: Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Январь 14, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад