DUSHANBE WATER PROCESS. Душанбе мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» мегардад

Январь 9, 2024 08:44

ДУШАНБЕ, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июни соли равон пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мизбони боз як чорабинии сатҳи баланд – Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Интизор меравад, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намоянд.

Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида шуда, дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст.

Бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии сатҳи баланд таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» таъсис дода шудааст.

Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, ки моҳи декабри соли 2016 бо ҷонибдории қариб 200 давлати дунё қабул гардид, дар шахси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро маротибаи дигар ҳамчун мамлакати пешсаф дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон- об дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дод. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси байналмилалии ҷумҳурӣ, ки ба касби ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи сиёсии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ башорат медиҳад, истиқбол намуданд.

Бо назардошти аҳамияти ин ташаббус, ки нақши мустақим дар рифоҳи зиндагӣ ва наҷоти аҳли башар аз хатари беобӣ дорад, дар радифи давлатҳои аъзои СММ шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳонӣ низ иқдоми Сарвари давлати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуданд. Қабули Даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015-ро тақвият мебахшад.

Қабул гардидани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну субот ва сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиии аҳолии мамлакат дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ нақши муассир мегузорад. Зеро дар қатънома омадааст, ки афзоиши аҳолӣ, раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлими сайёра дар оянда боиси авҷ гирифтани мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшидании тозаю бехатар шуда метавонанд.

Бояд тазаккур дод, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардида буд.


Инчунин дигар ташаббуси глобалии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии СММ қабул шуд, эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошад.

Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудани 21 март барои аҳли башар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалии марбут ба обу иқлим муаррифӣ мегардад. Инчунин дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 9, 2024 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон