ДУШАНБЕИ ДИГАР. Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев роҳи дусатҳа сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 24.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сохтмони роҳи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев маҷмааи меъмории «Майдони Ғалаба» ба ҳудуди «Боғи Ғалаба» кӯчонида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ин тадбир дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ин самт бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мутахассисони варзида кор мебаранд. Дар айни замон дар мавзеи нави интихобшудаи ҳудуди «Боғи Ғалаба» корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Тавре қаблан ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» иттилоъ дода буданд, тибқи нақша, давоми солҳои оянда дар шаҳри Душанбе сохтмони 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шуда, онҳо дар буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров – Даврӣ- Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта, ба истифода дода мешаванд.
Бунёди роҳҳои дусатҳа ба бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат менамояд.
Инчунин дар ҷараёни бозсозии ин гуна роҳҳо пули роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» навсозӣ гардида, бунёди эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст.
Ҳадафи асосии «Азнавсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз кӯчаи Неъмат Қарабоев то кӯпруки болои дарёи Душанбе» – кам намудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётию пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои ба он пайваст мебошад.
Дар оянда ба самти дарёи Душанбе навсозии хиёбони С. Шерозӣ (васеъкунии бистари роҳ, ивази рӯйпӯш, сохти новаҳо, хати сабзазор ва ғайра) бо дароз намудани гузаргоҳи зеризаминӣ ба назар гирифта шудааст. Ҷиҳати бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон чароғакҳои раҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонагузории амудию уфуқӣ ва воситаҳои муҳофизатии оҳанӣ пешбинӣ шудаанд.
Ҳамзамон «Азнавсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи А. Қаҳҳоров то кӯчаи С. Айнӣ» низ ба кам шудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётию пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони С.Шерозӣ ва кӯчаҳои ба он пайвастшаванда мусоидат менамояд.
«Инчунин бо мақсади таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёту пиёдагардон навсозии пули роҳи оҳани болои роҳ, аз ҷумла баланду васеъ намудани фазои зери пул, сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ ва нақб дар мавзеи Майдони Ғалаба ба инобат гирифта шудааст. Ҷиҳати бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон чароғакҳои роҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонагузории амудию уфуқӣ ва воситаҳои муҳофизатии оҳанӣ пешбинӣ шудаанд», — иттилоъ доданд дар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе».
Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда пули мошингарди болои дарёи Душанбе аз кучаи Даврӣ-Ҷанубӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров бо дарозии умумии пул бо гардишҳои нақлиётии 2,57 км, масоҳати умумии 733 ҳазору 22 м2 дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки бунёди роҳҳои замонавӣ дар пешрафти шаҳрҳо саҳми назаррас доранд. Сохтмони ин шоҳроҳҳо симои пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанберо давоми чанд соли оянда ба куллӣ тағйир медиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/ шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе









Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






