«EXPO 2023 DOHA». Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон

Январь 22, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Гўшаи асосии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» дар майдони наздик ба 800 метри мураббаъ ташкил гардида, аз намоиши намунаи меваю хушкмеваҳо, сабзавоти тару тоза, асалу гиёҳҳои шифобахш ва обҳои мусаффои Тоҷикистон иборат мебошад.

Намоишгоҳ бо услуб ва нақшу нигори хоссаи миллӣ оро дода шуда, намунаи ҳунарҳои мардумии тоҷикон, аз қабили чўбтарошию кандакорӣ низ дар он муаррифӣ гардидаанд.

АМИТ «Ховар» аз ҷараёни маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон ва гўшаи асосии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» дар шаҳри Давҳа суратгузориш пешниҳод менамояд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 22, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ ДАР ОҒӮШИ ЛОЛАҲО. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз лолазори пойтахт
«ОСОИШГОҲИ ШОҲАМБАРӢ» ДАР МАВЗЕИ ХУШМАНЗАРИ ҚАТОРКӮҲҲОИ ҲИСОР. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин макони истироҳатӣ
ФАРДОИ ДУШАНБЕ. АМИТ «Ховар» лоиҳаи ангоравии биноҳои дар пойтахт бунёдшавандаро манзур менамояд
ДУШАНБЕ — МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Кӯдакон — тарғибгари либоси миллӣ
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи барқи обии «Норак»