ФАО: моҳи декабр нархи ҷаҳонии озуқаворӣ поён рафт
ДУШАНБЕ, 09.01.2024 /АМИТТ «Ховар»/. Нархҳои ҷаҳонии озуқаворӣ моҳи декабр нисбат ба моҳи гузашта 1,5 фоиз поён рафта, нархи байналмилалии шакар якбора коҳиш ёфт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) хабар додааст.
Нишондиҳандаи ФАО дар муқоиса бо моҳи декабри соли гузашта 10,1 дарсад коҳиш ёфтааст.
Нархи ғалладона – гандум, ҷуворимакка, биринҷ ва ҷав – 1,5 фоиз боло рафт. Тавре ки дар ФАО ишора мегардад, ин қисман ба нокомиҳои логистикӣ вобаста мебошад, ки ба таъминот аз кишварҳои асосии содиркунанда халал мерасонад. Аммо нархи миёна барои ғалладонагиҳо низ дар 12 моҳ нисбат ба соли гузашта 15,4 фоиз коҳиш ёфтааст.
Равғани растанӣ нисбат ба моҳи ноябр 1,4 фоиз арзонтар шуд ва дар маҷмуъ соли 2023 ин рақам аз сатҳи соли гузашта 32,7 фоиз коҳиш ёфт.
Нархи шакар нисбат ба моҳи ноябр 16,6 фоиз коҳиш ёфта, ба ҳадди ақалли нуҳмоҳа расид, гарчанде ки ин нишондиҳанда то ҳол аз сатҳи декабри соли 2022 14,9 фоиз баландтар аст.
Нишондиҳандаи нархи гӯшт нисбат ба моҳи ноябри соли равон 1 дарсад ва нисбат ба моҳи декабри соли 2022 1,8 дарсад коҳиш ёфт.
Бар хилофи тамоюли умумӣ нархи маҳсулоти ширӣ нисбат ба моҳи ноябр 1,6 фоиз афзудааст, гарчанде ки арзиши он то ҳол аз моҳи декабри соли 2022 16,1 фоиз камтар аст.
Афзоиши якмоҳа бо сабаби баланд шудани нархҳои равған ва панир, ки ба талаботи зиёди истеъмолкунандагон дар арафаи мавсими ид дар Аврупои Ғарбӣ мусоидат менамуд, ба амал омад.
Дар айни замон талаботи баланди воридоти ҷаҳонӣ ба афзоиши таъминоти байналмилалии шири хушк оварда расонид, гуфта мешавад дар гузориши ФАО.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
Акс: АЗЕРТАҶ








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






