ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ. Дар «Саноатсодиротбонк» вохӯрии ҷавонон, варзишгарон ва волонтёрон ба ин мавзуъ бахшида шуд

Январь 10, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ки барои муттаҳид намудани ҷавонон ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдориву бунёдкории он замина мегузорад, вохӯрии ҷавонон, варзишгарон ва волонтёрон бо ҷавонон ва кормандони  Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»  баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар вохўрӣ доир ба масоили тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо ва пешгирии шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ сухан намуданд.

Мақсад аз вохӯрӣ омӯзиши суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии онҳо буд. Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони мамлакатро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.

Имрӯз ҷавонони мо зери сиёсати созандаи Пешвои миллат атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша намуда, ба дастовардҳои назарраси сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ноил гардидаанд. Ин далели ташаккули мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи давлат арзёбӣ мегардад.

АКС: Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 10, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5276 то 9.5600 сомонӣ муқаррар шудааст