МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бо шинонидани гули садбарг дар шоҳроҳ ва хиёбону гулгаштҳо метавонем Душанберо ба «Шаҳри гули садбарг» табдил диҳем

Январь 11, 2024 15:31

ДУШАНБЕ, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бисёр хуб мешуд, агар дар пайравӣ ба иқдоми сабзкорию ободонии роҳбарияти шаҳри Душанбе дар канори роҳҳои асосӣ, кӯчаҳо ва  хиёбону гулгаштҳои пойтахти мамлакат шинонидани  гулҳои садбаргро зиёд намоем, чун иқлими пойтахт барои рушди ин гул мувофиқ мебошад ва ин тадбир метавонад шаҳри Душанберо ба  «Шаҳри гули садбарг» табдил диҳад. Парвариш ва нигоҳубини ин  гул хароҷоти зиёд талаб нанамуда, бо таъмини намнокӣ ва ғизо метавонад аз аввали баҳор то барфрезиҳо зебою   шукуфта боқӣ монад. Чунин ибрози назар намуд омӯзгори кафедраи хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зиёдулло Шералиев.

Ба гуфтаи Зиёдулло Шералиев, ин гулро дар Тоҷикистон гули садбарг ё гули сурх меноманд. Садбарг гули маъмултарин ва зеботарине аст, ки дар сабзазоркунӣ ва хуррамгардонии атроф фаровон истифода мешавад. «Дар мамлакати мо боғе нест, ки дар он гулҳои садбарг набошанд. Дар пойтахти ҷумҳурӣ дар тамоми гулгашту боғҳо садбарг шинонида мешавад. Мутаассифона, солҳои охир дар ҷумҳурӣ гулҳои садбаргро канда, ба ҷои он гулҳои мавсимӣ мешинонанд, ки муҳлати нашъу намои онҳо бениҳоят кӯтоҳ аст. Барои нигоҳ доштани лолаҳо ғизову оби зиёд зарур мешавад. Ба ҷои гулҳои садбарг гулҳои мавсимие, ки 10-15 рӯз гул намуда, дар як сол 5-6 маротиба онҳоро иваз намудан зарур аст, мешинонанд, ки ин  ба буҷаи хоҷагидорӣ зарар мерасонад»,-иброз медорад ҳамсуҳбати мо.

Мутахассиси соҳа тавсия медиҳад, ки агар мо гули садбарг шинонем, талаботи он ба об ва ғизонокӣ он қадар зиёд нест ва метавонад муҳлати дуру дароз шукуфо бошад. Садбарг хусусияти хос дорад, ки агар решаи онро бо намӣ ва ғизо таъмин  намоем, аз аввали баҳор то охирҳои тирамоҳ гулбасар меистад.

1 марти соли 2018 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ба тасвиб расид, ки бо татбиқи он шаҳри Душанбе бо истифода аз имконияти мавҷуда рушд намуда, раванди корҳои ободонӣ, созандагӣ ва сабзазоркунӣ сабаби саросар сабзу шукуфон ва гулафшон шудани пойтахт мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи ободонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, вобаста ба зиёд намудани шумораи гулҳои садбарг аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ва муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори 2023 ба миқдори 1 952 176 дона қаламчаи гулҳои садбарг омода шуда, дар заминҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Сабзкорӣ»-и пойтахт шинонида шуданд. Ин тадбир бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахт андешида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 23 сентябри соли 2020 аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват намуданд, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд.

Раиси шаҳри Душанбе дар ин иҷлосия оид ба зиёд намудани масоҳати парвариши гулу буттаҳои ороишӣ, алалхусус гули садбарг дар пойтахт ба масъулини соҳа дастуру супориши мушаххас  доданд.

Хотиррасон мешавем, ки шуруъ аз моҳи январ то аввали фасли баҳор дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ қариб ҳар ҳафта намоиш – фурӯшҳои ниҳолҳо, қаламчаю тухмии гуногуни гулҳо ва тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Сокинони мамлакат имкон доранд, ки аз ин намоиш-фурӯши ниҳолҳо қаламча ва тухмии гулҳо, аз ҷумла гули садбаргро дастрас намоянд.

Бояд гуфт, ки садбарг навъу намудҳои сершумор дорад, ки аз қадимулайём барои гулзору гулгаштҳо истифода мешаванд. Буттаи садбарг серпоя, хазонрез ё ки ҳамешасабз мебошад. Диаметри гулаш аз 3 то 20 см шуда, сода ё махмалини хушбӯй  буда, баъзан намудҳои бе бӯйи он низ дида мешаванд. Ранги гулҳояш сурх, сафед, зард, гулобӣ, норинҷӣ, бунафш ва ғайра мешавад. Гули садбаргро асосан ба 3 гурӯҳ тақсим менамоянд.

Якум- гулҳои ҳамешасабз, ки тез ба гулкунӣ даромада, баландиашон 2-3 м шуда, давраи гулшукуфиашон дароз аст. Дуюм-гулҳои хазонрез, ки гулҳои он бехӣ буда, бисёр гул дорад. Айёми гулшукуфиашон 20-40 шабонарӯз буда, бештари онҳо баҳорон мешукуфанд. Ба гурӯҳи сеюм садбаргҳои печон дохил мешаванд, ки навдаҳои дароз доранду то 10-20 м қад мекашанд ва баҳору тобистон сергул мешаванд.

Зиёдулло Шералиев чунин мешуморад, ки «хуб мешуд гули садбаргро аз қаламча зиёд намоянд. Гарчи парвариш ва афзун намудани гули садбарг тарзҳои гуногун дорад, лекин бо усули қаламча шинонидани он дастрас аст. Бо ин роҳ давоми як сол метавонем миқдори зиёдтари гулҳои зебои садбаргро парвариш намоем. Қаламчакунӣ асосан баҳор ё тирамоҳ анҷом дода мешавад. Барои қаламчаи гули садбарг ҷойи аз ҳар ҷиҳат мувофиқро муайян ва интихоб намудан зарур аст. Парвариши он зери плёнкаи полиэтиленӣ доир шуда, бараш бояд як — ду метр бошад, яъне ба паҳноии плёнка муносиб бошад. Аввал хокро побел намуда, ба болои он пору мепошем. Сипас, ҷўяк мекашем, паҳноии ҷойи қаламчашинонӣ бояд 20 см бошад ва ғунҷоиши чор қатор қаламчаи гули садбарг ба он мувофиқ ояд. Заминро  нарм сохта, қаламчакуниро оғоз менамоем. Қаламчаро аз гули садбарги кӯҳнаи шукуфта гирифта, онро як шабонарӯз дар маҳлули перманганати калий нигоҳ медорем. Мақсад аз коркарди қаламча бо ин маҳлул- эмин доштани буттаҳои гул аз ҳашароти зараррасон мебошад. Пас аз ба анҷом расонидани корҳои зарурӣ қаламчаро ба хоки пештар коркардшуда гузошта, мешинонем».

Дар китоби «Энсиклопедияи тиббӣ» омадааст, ки ба маълумоти Абумансури Муваффақ, равғани дар об ҳалнамудаи гули садбарг дарди сарро, ки бар асари ҳарорат ба вуҷуд омадааст, таскин мебахшад.  Абӯалии Сино бо равғани гул захми меъдаро табобат намуда, афшураи садбаргро давои меъда ва шушу ҷигар меҳисобид.

Дар  «Махзан-ул-адвия» омадааст, ки хӯрдани гулбарги садбарг — дил, шуш, меъда, ҷигар, гурда, рӯда, бачадон ва рӯдаи ғафсро қувват мебахшад, хунпартоиро бозмедорад.

Нӯшидани афшура ё ҷӯшоби гулбарги садбарг барои дилзанӣ, заъфи дил ва дигар узвҳои дарун муфид буда, ҳангоми исҳол меъдаро тақвият медиҳад.

Гузоштани гулбаргҳои тару тозаи садбарг ба пешонӣ ва сар дардро таскин мебахшад. Бо ҷӯшоби гулбарг обгардон намудани даҳон милки дандонҳоро устувор менамояд. Бӯйидани садбарг барои дил муфид аст. Яъне, бӯидани гули садбарги сафед ба майна ва дил қувват мебахшад, зукомро барҳам медиҳад, атса меоварад, бастагиҳои сӯрохи биниро мекушояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 11, 2024 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд