ПАЁМИ РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО. Мулоҳизаҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Январь 6, 2024 12:41

ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол маротибаи бистум аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид. Дарвоқеъ, паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат мақоми барнома-стратегияи рушду тавсеаи миллиро дошта, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои оянда фаро мегиранд. Муҳимтар аз ҳама, дар доираи ин санади муҳимми сол воқеияти давлатӣ, сиёсӣ, таърихӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва мадании мамлакат таҳлилу баррасӣ ва дурнамои рушди он муайян гардида, байни доираҳои илмию фаннӣ, қишрҳои иҷтимоӣ, сиёсию маданӣ ва зиёӣ ҳамовозиро ба вуҷуд меоварад.

Таҳлили илмии ин Паём ва паёмҳои қаблии Пешвои муаззами миллат собит менамояд, ки ҳар як Паёми Сарвари давлат як асари боарзиши илмии баитмомрасидаест, ки дар он ҳам гузориши масъала, ҳам таҳлил, қиёс, масъалагузорӣ, пешниҳоди роҳи ҳалли масъала, натиҷабардорӣ, хулоса ва ояндабинии илмӣ мавҷуд аст ва дар он ба пуррагӣ талаботи методологӣ доир ба асари илмӣ риоя мегардад.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ҳамчун асари илмии мукаммал тамоми самтҳои ҳаёти кишварро дар бар гирифта, фарохтар аз он паёмҳои гузашта буд, ки дар он ҳам насиҳатҳои падарона буданду ҳам даъватҳои ҳуввиятсоз, ҳам дастуру ҳидоятҳои созанда буданду ҳам маслиҳату машваратҳои муҳим дар роҳи нигаҳдошту рушди арзишҳои инсониву милливу соҳибистиқлолии кишвар. Бинобар ин, Паёми навбатиро аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво фарохтар аз як Паёмҳои қаблӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

Сарвари давлат ин Паёми худро аз сатҳу сифати буҷети давлатӣ, ки муҳаррики асосии фаъолияти давлату Ҳукумат аст, оғоз намуда, таъкид карданд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва расидан ба зиндагии шоиста меҳвари усулии Паёмро ташкил дод. Сарвари давлат дар доираи Паёми имсола беҳ намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишварро масоили калидӣ таъкид карда, аз ҷумла ишора фармуданд, ки аз якуми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дар сад зиёд мешавад. Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат масъалаи аз 1 июли соли 2024-ум 30 дар сад боло рафтани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳоро ба миён гузошта, дар ин замина ба тасвиб расидани дастуру фармоишоти заруриро ёдовар шуданд. Сарвари давлат, ҳамчунин бар он афзуданд, ки аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 дар сад зиёд мегардад. Ҳамин тариқ, аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад, ки ин тарзи масъалагузории иҷтимоию молиявӣ дар мамлакат бесобиқа аст.

Тибқи нишондодҳои Паём, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, дар соли 2023 3,8 фоизро ташкил намуд. Ба ин тариқ, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат дастур доданд, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.

Масъалаи фароҳам овардани имконияти буҷет барои рушди инфрасохтори маърифатию маданӣ дар мадди назари махсуси Сарвари давлат буда, дар Паём зикр гардид, ки хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд. Гузашта аз ин, соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ дар авлавият қарор доштаву дорад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба шахси омӯзгор, ки субъекти асосии раванди маорифи мамлакат маҳсуб шуда, дар айни замон, шахсияти мафкурасоз ба шумор меравад, дар раъси тамоми суханрониҳои Сарвари давлат, аз чумла дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳанӯз дар Паёми худ аз 23 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи мафкурасозӣ, раванди давлатсозии миллӣ ва пайванди мундариҷавии сохтмони давлат ва ҷомеаро бо шахсияти омӯзгор дар маркати таваҷҷуҳ қарор дода, таъкид карда буданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар Паёми имсола низ ин масъала ва мушкилоти соҳаи маориф бори дигар ҳадафмандона мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, аз ҷумла Сарвари давлат таъкид карданд: “Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом, пеш аз ҳама, дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд намуд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.

Дар Паём аз тариқи таҳлилии қиёсӣ Сарвари давлат вазъу ҳолати илму маорифи ватаниро мавриди арзёбӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.

Президенти мамлакат бо дарназардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ишора фармуданд, ки низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа кафили сулҳу субот ва амнияту осоиши ҳар миллат, аз ҷумла миллати тоҷик аст. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Дар бобати рушди соҳаи маорифи ватанӣ Сарвари давлат Вазорати маориф ва илмро муваззаф намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Эътибори аввалиндараҷа зоҳир кардан ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим ба унвони масоили ҷавҳарӣ дар Паём аз забони Сарвари давлат садо дод.

Бояд гуфт, ки дар ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи занону модарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои беҳтар кардани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ нисбат ба Модар суханони пурмуҳаббатро иброз доштанд. Зеро модар мазҳари меҳру муҳаббат аст. Модар мураббӣ ва тарбиятдиҳандаи аввалини фарзандон аст. Ӯ омода аст, ки ҷони худро барои тарбия ва ба камол расидани фарзандонаш фидо созад. Аз ин рӯ, модарро ба фаришта ташбеҳ додаанд, зеро аз домани модари тоҷик фарзанди барӯманд ва тоҷики оламшумул ба воя расидааст, ки барои имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистон сарбаландона дар хидмат аст.

Бинобар ин, чунонки Пешвои миллат ишора карданд, модарон ва ёди гиромии онҳо ҳамеша дар қалби фарзандон тапидан доранд ва меҳри модар ҳеч гоҳ то лаҳзаи вопасини умр аз ёди фарзанд зудуда нахоҳад гашт. Зеро тору пуди рӯҳи модарро, — чунонки файласуфи ѓарбӣ Ролф Омерсон менависад, — аз меҳрубонӣ офаридаанд.

Модар барои фарзандон ҳамеша такягоҳ, мадор ва кӯҳи сабур аст. Чунонки нависандаи фаронсавӣ Оноре де Балзак менависад: “Ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад муҳаббате беҳтар, бепироятар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ биёбад”.

Вале, дар навбати худ фарзандон бояд боиси обрӯву эътибори модар гарданд ва чунин фарзандон, албатта, фарзандони солеҳи падару модар ҳастанд. Осудагии фарзандон, бегумон, осудагии модар аст. Вақте фарзандон дар хидмати падару модар ҳастанд, онҳо мояи ифтихорашон аст. Ҳар дору надори модар фарзандонаш аст ва фарзандҳо низ ба ҳар чизе, ки муваффақ мешаванд, аз модар сарчашма мегирад.

Бинобар ин, бо таъкиди Пешвои миллат, хидмати падару модар ҳам фарзу ҳам қарз аст. Он рисолати фарзандӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, вақте ман бо модарони тоҷик мулоқот мекунам, модари худам пеши чашмам меояд, гумонам, ки бо модари худам сухан мегӯям. Ин ҳарфҳои бомуҳаббат аз фарзанде садо медиҳад, ки модари худро дӯст медорад, эҳтиром мекунад ва ба қадри хидматҳои модар мерасад.

Тавре ки медонем, Сарвари давлат дар тамоми суханронию мулоқот, аз ҷумла паёмҳояшон ба гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус менамоянд, ки аз эҳтироми самимӣ доштани Сарвар ба таъриху фарҳанги миллӣ шаҳодат медиҳад. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат фарҳангро дар мақоми “ҳастии миллат” шинохтаву муаррифӣ карда, ҷиҳати рушду ин соҳаи маънавиятсоз тадбирҳои судманд меандешанд. Ба ин маъно, Президенти мамлакат дар доираи Паёми имсола масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро матраҳ карда, аз ҷумла таъкид карданд, ки соли 2023-ум 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳифзи ёдгориҳои таърихию маданӣ таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад. Сарвари давлат афзуданд, ки Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад.

Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ рушди минбаъдаи саноати ватаниро аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсати давлатӣ унвон карда, дар ин замина тазаккур доданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат эълон гардид, ки барои амалӣ намудани ин иқдом дар муддати 2 соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Сарвари давлат, аз ҷумла зикр карданд: “Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашаваии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шаванд”. Ҳамчунин, изҳор гардид, ки соли равон содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо намуда, нисбат ба соли 2022, ки содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 млрд расида буд, 19 фоиз кам гардидааст, яъне ҳамагӣ 18,5 млрд. сомониро ташкил додааст.

Ба таъкиди Сарвари давлат, “соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд. Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад”. Ҳамчунин, афзуда шуд, ки бо вуҷуди рушду тараққии саноати миллӣ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд. Президенти мамлакат дар ин замина фармуданд, ки вобаста ба масъала ва мушкилоти мавҷуда, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт, бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Сарвари давлат дар заминаи сохтмони аср – НБО-и Роғун, ки аз ҷумлаи иншооти бузурги саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, изҳор доштанд: “Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем. Ҳоло дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,500 техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд”. Дар идома Сарвари давлат афзуданд, ки бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ ихтисос дода шуд.

Тавлид ва истеҳсоли барқ дар садри барномарезиҳои давлатӣ қарор дорад. Ин аст, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ аз рушди энергетикаи ватанӣ дар замони соҳибистиқлолӣ сухан ба миён оварда, ба маврид таъкид карданд, ки соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти масъала, Сарвари давлат чанд нуктаи калидиро таъкид намуданд, ки дар қолиби 6 пешниҳоди судманди ихтисосӣ ироа гардид. Ҳамин тариқ, Президенти мамлакат барои расидан ба аҳдофи стратегӣ дар самти энергетикаи ватанӣ коргирӣ аз механизмҳои зайлро зарурӣ донистанд:

“Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд.

Дуюм: барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад.

Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Чорум: ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад.

Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд”.

Ва Сарвари давлат хулоса карданд, ки бо амалисозии тадбирҳои мазкур то соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Ба сухани дигар, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037, воқеан ба “кишвари сабз” табдил меёбад.

Зимни иртибот гирифтан ба масоили ҳуқуқӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора карданд, ки қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд. Сарвари давлат дар ин замина пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардад. Дар ин замина, дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат фармуданд: “…аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.

Бахши хулосавии Паём таъкид ва тазаккури ҳадафи асосӣ ва стратегии давлат ва Ҳукуматро фаро гирифта, Сарвари давлат чун лидери сиёсию миллӣ бо руҳияи баланди давлатдорӣ фармуданд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем. Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем. Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам”.

Дар воқеъ, он чи ки дар қолиби Паём — як барнома-стратегияи давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ироа гардид, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро муваззаф месозад, ки дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣ қадамҳои устувор бардорем ва бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарраи хеш то ба сатҳи зиндагии арзандаву шоиста бирасем.

Фарҳод Раҳимӣ,
академик, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон,
ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 6, 2024 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст