Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Теҳрон Алиризо Зоконӣ мулоқот намуданд

Январь 9, 2024 15:41

ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ мулоқот намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ ба ҷониби мизбон арзи сипос намуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки байни Душанбе ва Теҳрон ҳанӯз соли 1995 муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор шуда, дар ин давра байни пойтахтҳои ду давлат дар асоси эътимод ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муштарак ҳамкории судманд дар соҳаҳои алоҳида амалӣ шуд.

Теҳрон ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоративу молиявӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои охир дар бахшҳои мухталифи шаҳрдорӣ ба дастовард ва рушду пешрафти назаррас ноил шудааст.


Изҳори умед шуд, ки робитаҳои наздики Душанбе ва Теҳрон имкон медиҳанд ҷонибҳо бо назардошти иқтидори бузурги саноатӣ ва илмиву фарҳангии ду пойтахт ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро тақвият диҳанд.

Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноат, фарҳанг ва гуманитарӣ, инчунин табодули таҷриба дар фаъолияти шаҳрсозӣ, ободонӣ ва идораи маҷмуи инфрасохтори шаҳрҳо барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми мулоқот бо мақсади тавсеа ва таъмиқи равобити судманди байни Душанбе ва Теҳрон аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ Барномаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки санади нави ҳамкорӣ байни бародаршаҳрҳо барои густариши минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбахши Душанбе ва Теҳрон заминаи муносиб фароҳам меорад.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад