РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Яке аз ҳадафҳои Конфронси сеюми оби Душанбе таҳлили татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи оби Конфронси оби СММ аст
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ҳадафҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»- таҳлили татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи оби Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе доир мешавад, иттилоъ медиҳад.
Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» форумҳо, ки онҳо барои гурӯҳҳои гуногун платформаи иловагӣ муҳайё менамоянд, гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, форумҳои минтақавӣ- бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ ва Африқо, инчунин Форуми занон, Форуми наврасону ҷавонон, Форуми бахши хусусӣ, форумҳои махсус- Форуми пиряхҳо ва Форуми об бо таваҷҷуҳ ба илм ва технология баргузор мегарданд.
Форумҳо аз ҷониби созмонҳои соҳавии байналмилалӣ, минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд гузаронида мешаванд. Дар ин замина вазорату идораҳои марбутаи мамлакат дар доираи омодагӣ ба ин форумҳо бо созмондиҳандагони он ҳамкории зич намуда, ба ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва ҷалби иштирокдорон аз ҷумҳурӣ ба ин форумҳо мусоидат менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим моҳи июн дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Дар конфронс иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин конфронс таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таъсис дода шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






