Шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи заминларза дар Ҷопони марказӣ аз 200 нафар зиёд шуд

Январь 10, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи заминларзаи пуриқтидоре, ки дар префектураи Исикава ва ноҳияҳои наздики Ҷопони марказӣ рух дод, ба 202 нафар расида, 102 тани дигар бедарак ҳисобида мешаванд, иттилоъ медиҳад агентии «Kazinform» бо истинод ба Kyodo News.

Мақомот гузориш медиҳанд, ки нигарониҳо оид ба паҳн шудани  бемориҳои сироятӣ пас аз гузоришҳо дар бораи тақрибан 12 ҳолати сирояти коронавируси нав дар шаҳраки Сика афзоиш ёфтаанд, зеро то ҳол беш аз 28 000 нафар дар марказҳои тахлияи префектураи Исикава паноҳ мебаранд.

Вазири мудофиа Минори Кихара рӯзи сешанбе изҳор дошт, ки шумораи кормандони Неруҳои дифоъ дар амалиёти наҷот тақрибан 200 нафар афзуда, қариб 6300 нафарро ташкил додааст.

Ҳамчунин рӯзи сешанбе девони сарвазир Фумио Кисида ҷудо намудани 4,74 миллиард иен (33 миллион доллар) — ро аз фондҳои захиравӣ барои кумак ба зарардидагони заминларза тасдиқ намуд.

Қаблан дар бораи 180 ҳалокшуда бар асари заминларза иттилоъ расида буд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Kyodo News

Январь 10, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд