ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 январ, чоршанбе, 10-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1946 дар Лондон аввалин ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ баргузор гардид.
***
10 январи соли 1994 дар Брюссел барномаи Паймони шартномаи Атлантикаи шимолӣ оид ба «Ҳамкорӣ барои сулҳ» қабул шуд.
***
10 январи соли 2007 бо иқдоми сиёсии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, бартараф намудани такроркунии вазифа ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
10 январи соли 2009 дар маҷлиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳисоботи фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии пойтахт баррасӣ гардид.
***
13 сол пеш, 10 январи соли 2011 дар ВАО Баённомаи Чин дар бораи он ки метавонад барои таъсис додани Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳаҷми 8 миллиард доллари ИМА сармоягузорӣ намояд, нашр шуд.
***
10 январи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат неруи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки мактаббачагони тоҷик аз рӯи шумораи ҷойҳои ишғолнамудаашон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар соли 2016 ба қатори беҳтарин давлатҳои ҷаҳон ворид гардиданд. Соли 2016 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон дар олимпиадаҳои мактабии 15 давлати ҷаҳон иштирок намуда, 133 медал, аз ҷумла, 21 тилло, 33 нуқра ва 79 биринҷӣ ба даст оварданд.
***
7 сол пеш, 10 январи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муносибати 10–солагии таъсиси ин мақоми махсуси мубориза бо коррупсия баргузор гардид, суханронӣ намуданд.
***
10 январи соли 2017 дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони соли 2016 баргузор шуд.
10 ЯНВАР:
Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.