ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 январ, панҷшанбе, 11-умин рӯзи соли 2024 аст

Январь 11, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1989 намояндагони 149 давлати дунё зери баёния дар бораи манъи истифодаи газҳои заҳролуд ва яроқи биологию химиявӣ имзо гузоштанд.

***

14 сол пеш, 11 январи соли 2010 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи Созишнома байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омода намудани лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии Осиёи Марказиро баррасӣ намуд.

***

11 январи соли 2014  дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Син масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ баррасӣ шуд.

***

11 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе консерти мусиқии муосири асбоби мусиқавии маъмулии ҷопонии кото ва сямисен баргузор гардид.

***

Соли 2018  дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Маркази иттилоотии сайёҳӣ ифтитоҳ ёфт.

***

Соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки олимони тоҷик навъи нави картошкаро коркард намудаанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 ВАО хабар доданд, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА  олими ҷавони тоҷик Халил Каримов сазовори Ҷоизаи ба номи Питер Каптстик гардид.

11 ЯНВАР:

 Рӯзи байналмилалии ташаккур.

***

Дар Албания- Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Русия – Рӯзи мамнуъгоҳ ва боғҳои миллӣ.

Январь 11, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш