ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 январ, якшанбе, 14-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1972 аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳодияи пӯст ва пойафзоли Душанбе таъсис дода шуд.
***
14 январи соли 2004 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.
***
14 январи соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
***
11 сол пеш, 14 январи соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба муносибати 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду мамлакат барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Парижи Фаронса маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако (князигарӣ) баргузор гардид.
***
7 сол пеш, 14 январи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти Оркестри асбоби мусиқии миллии вилояти Гуандуни Чин баргузор гардид.
14 ЯНВАР:
Дар Узбекистон — Рӯзи ҳимоятгарони Ватан.