ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 январ, шанбе, 20-умин рӯзи соли 2024 аст

Январь 20, 2024 08:00

Соли 1958 дар Лондон аввалин радарҳои назоратӣ барои санҷиши суръати автомобилҳо муқаррар шуданд.

***

20 январи соли 2003 дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии хатсайри нави ҳавоии «Алмато-Душанбе-Алмато» баргузор гардид.

***

20 январи соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Сарвазири Федератсияи Русия Сергей Наришкин дар ноҳияи Данғара агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд.

***

14 сол пеш, 20 январи соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи «CASA-1000»- ро  тасдиқ намуд.

***

10 сол пеш, 20 январи соли 2014 дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии Абузабӣ («ADNEC») Саммити байналмилалии «Энергияи оянда -2014» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2016 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуданд.

20 ЯНВАР:

  Дар Озарбойҷон – Рӯзи андуҳи умумихалқӣ.

***

Дар Мали – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

Январь 20, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш