ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 январ, якшанба, 28-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1939 маҷаллаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии «Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
***
28 январи соли 1943 дар Олмон даъвати занон ба хизмати ҳарбӣ эълон шуд.
***
Соли 2003 дар Британияи Кабир навъи нави сӯзишворӣ ба фурӯш бароварда шуд.
***
28 январи соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистонро «Дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» тасдиқ намуд.
***
28 январи соли 2013 бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баргузор гардид.
***
28 январи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
***
28 январи соли 2016 дар баҳри Эгей, дар наздикии соҳили Юнон киштии муҳоҷирон ба садама дучор шуд.
28 ЯНВАР:
Рӯзи байналмилалии бекорон.
***
Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи маълумоти шахсӣ.
***
Рӯзи байналмилалии бе интернет.
***
Дар Арманистон – Рӯзи қӯшун.
***
Дар Руанда – Рӯзи демократия.