ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 январ, шанбе, 6-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1912 Ню- Мехико 47-умин иёлати Амрико гардид.
***
Соли 1941 дар ИМА президенти вақт Рузвелт ба конгресс Қонун дар бораи Ленд-Лизингро равон намуд, ки он ба президент ҳуқуқи фурӯхтан, ба қарз додан ва ё ба иҷора додани техника ва таҷҳизоти ҳарбиро ба давлатҳое, ки аз нуқтаи назари ИМА мудофиаи онҳо зарур аст, медод.
***
6 январи соли 1946 аввалин маротиба дар таърихи Ветнам интихоботи умумӣ баргузор гардид.
***
6 январи соли 1993 Президенти вақти Перу Алберто Фухимори аз нав шакли идораи конститутсионии давлатро ҷорӣ намуд.
***
6 январи соли 2010 дар Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои НБО-и «Роғун» оғоз гардид.
***
9 сол пеш, 6 январи соли 2015 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта, дар он ҷо бо ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят мулоқот намуд ва масъалаҳои убури ғайриқонунӣ, мубориза бо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои соҳаро баррасӣ намуд.
***
6 январи соли 2015 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) чаласаи шашуми Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани муҳити тиҷоратӣ ва фазои сармоягузории назди Раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
***
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шуданд.