Теъдоди ҳалокшудагони заминларза дар Ҷопон ба 180 нафар расид
ДУШАНБЕ, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари силсилазаминларзаҳои шадиде, ки дар минтақаи нимҷазираи Ното дар соҳили баҳри Ҷопон дар Ҷопон ба амал омаданд, ба 180 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус маълумоте, ки мақомоти префектураи Исикава интишор намудаанд, шаҳодат медиҳанд.
Қаблан доир ба ҳалок шудани 168 нафар хабар расида буд.Дар мавриди 120 нафар маълумот нест ва хадамоти изтирорӣ тамос гирифта наметавонанд, то маҳалли ҷойгиршавии онҳоро тасдиқ намоянд. Шумораи зарардидагон 565 нафарро ташкил медиҳад. Дар нуқтаҳои тахлия тақрибан 28 ҳазор сокини минтақаҳои аз заминларза зарардида ҳанӯз ҳам ҷойгир мебошанд.
Аз ин офати табиӣ бештар аз ҳама префектураи Исикава зарар дидааст: 1370 хона пурра ё қисман хароб шуда, сӯхтор зиёда аз 300 иншоотро аз байн бурдааст.
АКС: AP Photo/ Hiro Komae








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






