ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР. Андешаҳо доир ба афзалият ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба

Январь 23, 2024 11:26

ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо сиёсати мутавозин мавқеи шоиста касб намуда, густариш ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи сиёсати босубот бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла бо Давлати Қатарро хеле муҳим арзёбӣ менамояд. Дар ин замина ҳамеша Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳкими муносибатҳои сиёсӣ назари нек дошта, бо назардошти манфиатҳои тарафайн дар ҳавзаҳои гуногуни ҷаҳонӣ самараи онро таконбахши рушд медонад. Чунин изҳори андеша намуд сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегӣ Ораз Муртазозода.

-Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати  ҷаҳон ба расмият шинохта, бо 184-тои он равобити дипломатӣ дорем. Дар ин самт ҳанӯз 13 декабри соли 1994 Тоҷикистон робитаҳои дипломатиро бо Давлати Қатар оғоз намуда, то имрӯз марҳалаҳои гуногуни рушди дуҷонибаро тай намудаанд. Сипас фаъолияти Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе (моҳи ноябри соли 2012) ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа (моҳи майи соли 2013) оғоз гардид.

Аз аввалин лаҳзаҳои фаъолияти сиёсии Президенти Тоҷикистон хурду бузурги мамлакат хуб дарк намуданд, ки маҳз бо сиёсати зиндагисоз, хирадмандона, заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва хастагинопазири Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиботи мутақобилан судманд мунтазам дар марҳалаҳои нав таҳким меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла бо Давлати Қатар марҳалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаи рушду инкишофро сипарӣ намуд. Имрӯзҳо Қатар ҳамчун шарики муҳимми стратегии Тоҷикистон дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони араб дониста мешавад. Дар ин росто тавсеаи ҳамкории судманд бо ин шарики боэътимод яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии муваффақонаи мамлакат мебошад. То имрӯз ҷиҳати инкишофи ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди муносибатҳо байни ду давлат дар масъалаҳои дорои манфиати муштарак 16 санади муҳимми ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба (солҳои 2007 ва 2017) бо иродаи неку самимӣ ба Давлати Қатар сафари расмӣ анҷом дода буданд. Дар натиҷа маҳз ин сафарҳо ба рушди ҳамкории сиёсӣ ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат асос гузоштанд. Инак, роҳбарияти олии мамлакат мунтазам дар масъалаи эҷоди лоиҳаҳои муштарак ва густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвари арабӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Мавриди тазаккур аст, ки ҳанӯз соли 2021 зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорони қатарӣ, ки муҳтавои он дар рӯзномаи «Аш-Шарқ»-и Давлати Қатар ба чоп расид, бо қаноатмандӣ доир ба таҳкими муносибати ду давлат чунин иброз намуданд: «Мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунии таърихӣ ва усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамоем. Бо саъю талошҳои муштарак то имрӯз механизми ҳамкории тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтааст».

Маҷмуи санадҳои нави муҳимми ҳамкорӣ, бешубҳа боиси  густариши ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои гуногун ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат дониста мешавад. Зимнан, давоми солҳои 2012-2023 аз ҷониби сармоягузорони Давлати Қатар ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 64,6 млн доллар сармоягузории мустақим ворид гардидааст. Дар ҳошияи сафари шахсони воломақоми Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи бунёди шаҳраки муосири «Диёри Душанбе» бо сармоягузории Ширкати қатарии «Диёр» ба маблағи 300 млн доллар равона гардид, ки то ҳол ҷиҳати татбиқи марҳалаи аввали он ба миқдори 65 млн доллар ворид шудааст.

8 июни соли 2023 дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Сарони давлатҳо Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Дарвоқеъ, бузургтарин тарҳҳои анҷомдодаи Давлати Қатар – маҷмааи «Диёри Душанбе» ва сохтмони масҷиди бузург дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳамчун шарики боэътимод дар ҳавзаи Осиё 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла:

– Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Давҳаи Давлати Қатар дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ;

– Ёддошти тафоҳум дар соҳаи савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар;

– Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти стандартизатсияи ва метрологияи Давлати Қатар;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти табиии он;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон;

– Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкории ҳарбӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи авқоф ва корҳои исломӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Давлати Қатар;

– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар барои солҳои 2023-2025.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ҳанӯз соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда буд. Ҳамзамон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-15 июни соли 2019 ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид, ки  ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиш сафари кории Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Албатта, ҳадафҳо ва афзалияти асосии мамлакат дар ин ҷода муайян буда, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро дар самтҳои гуногун дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, имконият дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату энергетика, молия, кишоварзию долонҳои нақлиётӣ, бахши хусусӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, иқтисоди “сабз” ва рақамӣ, бонкдорӣ, илму маориф, сармоягузорӣ, фарҳангу муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ фаровон буда, якчанд лоиҳаҳои афзалиятноки давлат ҷиҳати маблағгузорӣ мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор доранд.

Зимнан, рӯнамои иқтидор ва самтҳои афзалиятноки мамлакат муҳим буда, доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Давлати Қатар метавонанд дар амалияи ба кор андохтани ин лоиҳаҳо нақши муассир дошта бошанд. Зеро Қатар аз лиҳози устуворӣ яке аз ғанитарин кишварҳои арабӣ ва дувумин бузургтарин таъминкунандаи гази моеъ дар ҷаҳон дониста мешавад.

Имрӯзҳо бо мақсади расидан ба авлавияти дарҷгардида Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар баробари ин, роҳбарияти олии мамлакат солҳои охир бо имконияти мавҷуда барои ҷалби бештари сармоягузорӣ якчанд имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ намуда, муҳити сармоягузории дурусту ҳисобиро яке аз масъалаҳои меҳварӣ медонад.

Дар маҷмуъ, тақвияти ҳамкории судманд дар самти афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар муҳим арзёбӣ гардида, имконоти рушд дар самтҳои гуногун ба рушди бемайлон ниёз доранд. Аз ин лиҳоз Давлати Қатар бо иқтидори бузурги сармоягузорӣ зимни баргузории машваратҳои сиёсӣ доир ба татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва расидан ба ҳадафҳои статегии ҷумҳурӣ метавонад саҳм гузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 23, 2024 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст