«ТУ МОРО ЗИНДА ГАРДОНДӢ, БА МО МОРО ШИНОСОНДӢ…». Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳамоиш доир шуд

Январь 27, 2024 15:12

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии созмонҳои илмии давлатҳои хориҷӣ, доктори фахрии якчанд созмон ва донишгоҳҳои муътабари дохилӣ ва хориҷӣ, дорандаи Мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ, аз зумраи абармандони бонангу номуси миллати тоҷик мебошад, ки бо навиштани шоҳасари гаронбаҳо – «Тоҷикон» тавонист тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунсозу таърихӣ ба наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда муаррифӣ намояд. Чунин изҳор дошт муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар ҳамоише, ки дар ин бонк оид ба осори таълифнамудаи шоира Розияи Озод ва китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.    

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров давоми  зиндагии пурбаракат осори фарҳангиву таърихии зиёде ба ёдгор гузоштааст, ки теъдоди онҳоро метавон қариб 400 адад ба қалам дод. Дар байни ин осори гаронмоя шоҳасари безавол – китоби «Тоҷикон» ҷойгоҳи махсусро доро мебошад.

Китоби «Тоҷикон» намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ буда, солҳои зиёд аст, ки  арзишашро гум нанамуда ва умри он ҷовидонӣ мебошад. Зеро дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми минтақа дарҷ гардидааст.

Ҳанӯз соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид дошта буданд, ки «мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор намоем. Дар робита ба ин ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик-шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи ҷумҳурӣ туҳфа намояд».    


Ҳамчунин соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари академик Бобоҷон Ғафуров ва муҳити тарбиятгирифтаи Қаҳрамони Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуданд, ки «Бобоҷон Ғафуров дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ба илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт. Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзандаш нақши ҳалкунанда бозид».

Дар ҳамоиш олимони  тоҷик Абдулло Ғафуров ва Абдуллоҳи Раҳнамо доир ба омӯзиши осори таълифнамудаи шоира Розияи Озод ва академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла китоби «Тоҷикон» маъруза намуда, асари безаволи «Тоҷикон»-ро шиносномаи миллат хонданд. Зеро баъд аз нашри китоби «Тоҷикон» халқи тоҷик соҳиби асари бунёдӣ шуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби шиноснома гардид ва маҳз ин асар тавонист ба баҳсҳои чандинасра дар бораи халқи тоҷик, дорои тамаддуни ориёӣ ва сарзамин будани тоҷикон нуқтаи илмӣ гузошта, дар бақои миллати тоҷик нақши муассир дошта бошад.

Дар анҷом таъкид шуд, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкиро зарур аст, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи пурифтихори халқи тоҷик огоҳ бошанд, зеро бе донистани таърихи миллат бунёди оянда ғайриимкон аст.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Январь 27, 2024 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.7227 то 11.8100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон филиалҳои бонкҳои Туркия таъсис меёбанд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1198 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.7653 то 11.8400 сомонӣ сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ҷалби сармоя ба сохтмони иншооти муҳими стратегиро баррасӣ намуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9099 то 10.9400 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Муъминобод корҳои тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани маърифати молиявӣ тақвият дода мешаванд
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1191 то 0.1200 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.6840 то 11.8000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1185 сомонӣ муқаррар шудааст