ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1246 то 0.1255 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 17.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.9505 сомонӣ;
1 евро – 11.9141 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1246 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9505 то 10.9300 сомонӣ;
1 евро аз 11.9141 то 12.0700 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1246 то 0.1255 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».