Алоқаи боэътимод мехоҳед — ба оператор нависед!

Февраль 1, 2024 11:50

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ҳар дуюмин дархости муштариён оид ба насб ё навгардонии  истгоҳи базавӣ барои беҳтар намудани сифати алоқа аз тарафи муҳандисони ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» қонеъ шуд. Дар маҷмуъ, зиёда аз 300 дархост иҷро гардид. Боз қариб 150 дархости дигар аз миқдори воридшуда  ё 25% аз шумораи умумӣ баъди арзёбии мутахассисон ҳангоми ташаккули нақшаи рушди техникӣ барои соли 2024 ба инобат гирифта шуд. Корҳои вобаста ба дархостҳои муштариён дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ идома  доранд.  

Насби  истгоҳи базавӣ —  раванди дароз ва заҳматталаб аст. Он аз хориҷа харидан  ва таҳвил додани таҷҳизоти алоқа, гирифтани ҳамаи иҷозатномаҳо аз мақомоти назоратӣ, васл ва танзимкуниро  дар бар мегирад. Дар натиҷа ба кор андохтани ҳамагӣ як истгоҳ то шаш моҳ давом меёбад ва сармоягузории то 100 ҳазор долларро талаб менамояд. Аз ин рӯ, ба зудӣ иҷро намудани дархост оид ба  насби истгоҳи базавӣ ғайриимкон аст, вале ба ҳар ҳол ҳар муроҷиат таҳти назорати махсуси оператор қарор дорад. Агар зарурати ичрои ариза аз тарафи мутахассисони техникӣ тасдиқ шавад, он гоҳ вай ҳарчи зудтар барои  корбарӣ қабул мегардад.

Баланд бардоштани сифати алоқа дар ҷойҳое, ки истгоҳҳои  базавӣ аллакай насб шудаанд, аксар вақт роҳҳои дигар ҳалро  талаб менамояд. Вобаста ба ҳолат, таъминоти барномавии таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ нав ё иқтидори гузариши каналҳои таҳвили  маълумот васеъ  шуда, дар мавридҳои  душвор истгоҳи базавии иловагӣ фаъол   мешаванд.

Соли 2023 бо хоҳиши  муштариён дар шаҳру деҳоти тамоми манотиқи Тоҷикистон истгоҳҳои нави базавӣ ба кор андохта шуда, мавриди  модернизатсия  қарор гирифтанд.

8 истгоҳи базавӣ шабакаи операторро дар шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур таҳким бахшид.  Ҳамин миқдор дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Истаравшани вилояти Суғд насб шуд.

Дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 истгоҳи нав ба кор даромад.

Дар вилояти Хатлон 22 истгоҳи базавӣ гузошта шуда, ба туфайли онҳо дар шаҳрҳои Кӯлобу Норак, ноҳияҳои Ҷалолуддини Балхӣ, Данғара, Қубодиён, Кӯшониён, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Хуросон ва Ёвон алоқа тадриҷан беҳтар гардид.

Корҳои васеъ бо дархости муштариёни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ анҷом ёфтаанд. Дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, ноҳияҳои Лахш, Рашт, Рӯдакӣ ва Шаҳринав муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» беш аз 50 истгоҳи базавии иловагиро фаъол сохтанд.

«Вақте ки истгоҳи базавӣ насб гардид, дарҳол интернети хуб пайдо шуд. Ҳоло бисёре аз сокинони ноҳияи мо симкорти МегаФон Тоҷикистон доранд, зеро ин алоқаи боэътимодтарин аст», — мегӯяд директори Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №58 шаҳри  Ҳисор Шерқул Саъдуллоев.

«Муҳимтар аз ҳама – ин робита бо хешу таборе аст, ки дур аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд. Хуб аст, ки ба дархости мо ҷавоб дода, сифати шабакаро беҳтар намуданд. Ташаккури зиёд ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон»!»,-илова менамояд сокини Ҳисор Руқия Ҳайбуллоева.

Кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» чунин тавсия медиҳанд: агар шумо хоҳед, ки барои беҳтар намудани алоқа дар деҳа ё маҳаллаатон муроҷиат намоед, пас ҳатман дархост гузоред!   Оператор пайваста бо муштариён дар тамос буда, ҳар дархостро ҳамаҷониба арзёбӣ менамояд, шабакаро дар минтақаҳои мушкил санҷида, нақшаҳои рушди техникиро бо назардошти хоҳиши сокинони ҷумҳурӣ тасҳеҳ менамояд.  Шояд ба зудӣ ҳам набошад, вале ба ҳар ҳол масъалаи шумо ба қадри имкон ҳал мешавад.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Февраль 1, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад