«ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» доир гардид

Февраль 14, 2024 14:29

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифати суханварии кормандони муассиса маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Дар ифтитоҳи маҳфил директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода оид ба мақому манзалати шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ва нақши он дар адабиёти оламшумули халқи тоҷик сухан гуфт.

Иброз гардид, ки яке аз иқдоми шоиста ва  наҷибе, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат гирифта шуд, ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров чун анъанаи шоҳони гузаштаи миллати тоҷик ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур дода шуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Дар идомаи маҳфил ходимони илмии Осорхонаи миллӣ аз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо маҳорати баланд достонҳо қироат намуданд.

Бахусус ин байти шоири тавоно диққати ҳозиринро ҷалб намуд:

Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

Дар маҳфил ҳама иштирокдорон ба омӯзишу тарғиби ин шоҳасари ниёгон ҷалб шуданд.

Қарор дода шуд, ки ба ифтихори ҳифзи хотиpаи таъpихӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ охири ҳар моҳ дар Осорхонаи миллӣ маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 14, 2024 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад