«ҶАВОНОН — ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии мамлакат малакаи роҳбарӣ ва муошират меомӯзанд

Февраль 17, 2024 10:47

ДУШАНБЕ, 17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон курси омодасозии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» оғоз шуда, дар он зиёда аз 70 нафар донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии мамлакат ба муҳлати се моҳ ҷалб гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар рафти баргузории курси омӯзишӣ маърӯзачиён аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳо даъват гардида, шунавандагони курс давоми се моҳ аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ аз наздик шинос мегарданд.

Дар оғози дарсҳои омӯзишӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок намуда, иброз дошт, ки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ иҷтимоӣ нақши беназир гузоштанд.

Таъкид шуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст.

Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

«Инчунин Президенти Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад», -изҳор гардид дар рафти дарсҳои омӯзишӣ.

Ёдрас мешавем, ки иштирокчиён баъди хатми курс бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2024 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд