Дар Бохтар як зумра сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд

Февраль 23, 2024 13:55

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар қисми ҳарбии Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховвар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти ин кумита хабар доданд.

Иштирокчиён зимни суханронӣ ва суҳбати самимӣ бо сарбозону афсарон иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои ҳар ҷавонмарди ватандӯст шараф ва мояи сарфарозӣ аст, зеро сарбоз, пеш аз ҳама, ҳимоятгари марзу буми меҳан мебошад.

«Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ба шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ, ки аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, роҳнамоӣ мешаванд»,- иброз дошт раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода.


Ҳамзамон модарону собиқадорони ҳизб доир ба далерию шуҷоатмандии сарбозону афсарон андешаҳояшонро баён намуданд. Аз ҷониби Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар барои афсарону сарбозони қисми низомӣ дастархони идона ороста шуда, ба хотири болидаруҳии онҳо суруду таронаҳо дар васфи Ватан-Модар иҷро шуданд.

Дар ҷамъомади идона як зумра сарбозону афсарони қисми низомӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд