Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Артиши миллиро бо баргузории барномаи фарҳангӣ ҷашн гирифтанд

Февраль 23, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам устувортар мегардонад. Ин нукта дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Муборак бод авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ифтихори 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода дар ҷамъомади идона гуфт, ки «имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил менамоянд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ 23 феврали соли 1993 дар шароити ниҳоят мураккаб таъсис дода шуд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз дар нахустин солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба таҷдиду навсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонида эътибори хосса зоҳир намуда, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шуруъ намуд».

Таъкид шуд, ки дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мутахассисони соҳибкасби соҳаи ҳарбӣ омода гардида, ба дифои марзу бум ва таъмини сулҳу оромии Тоҷикистон ҷалб мегарданд. Зеро, суботу пойдории амнияту оромӣ ва осудагии мамлакат ба неруи Артиши миллӣ ва ғайрати ҷавонони ҳимоятгари марзу буми мамлакат вобастагии зиёд дорад.

Дар фазои тантанавӣ барои ҳамкории судманд роҳбарияти донишгоҳ бо «Сипоснома»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар анҷоми ҳамоиши ҷашнӣ суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ ва Ватану Тоҷикистон садо доданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад