Дар Душанбе корҳои сохтмонӣ дар иншооти роҳ ва нақлиёт идома дорад

Февраль 17, 2024 16:57

ДУШАНБЕ, 17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар 12 қитъа бо дарозии 24,9 километр сохтмони роҳ, 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,33 километр ва дар 34 истгоҳи нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд, иттилоъ дода шуд 16 феврал зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Соли 2023 дар маҷмуъ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 16 км роҳҳои автомобилгарди ҳудуди пойтахт бунёду навсозӣ гардиданд.

«Дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 бо ҳама намуди нақлиёт 21 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 фоиз зиёд мебошад», — гуфта шуд зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ин давра бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилот, новобаста аз шакли моликият ва нақлиёти шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғул мебошанд, 19,6 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 94,2 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намуди нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 фоиз зиёд мебошад.

«Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 378,6 миллион мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 5 фоиз зиёд мебошад», -иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Февраль 17, 2024 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд