Дар Филиппин теъдоди бар асари ярч ҳалокшудагон ба 68 нафар расид
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи бар асари фаромадани ярч ҳалокшудагон дар вилояти Даваои тиллоӣ дар ҷануби Филиппин ба 68 нафар расид, 51 нафари дигар гумшуда ҳисобида мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизионии ABS-CBN News хабар додааст.
Мақомоти маҳаллӣ изҳор менамоянд, ки ҷустуҷӯи шахсони ҳалокгардида идома меёбад. Аммо наҷотдиҳандагон дигар боварӣ надоранд, ки тақрибан пас аз як ҳафтаи фаромадани ярч дигар касе зинда пайдо шавад. Охирин нафаре, ки 9 феврал аз зери харобаҳо берун оварда шуд, духтари сесола буд. Кӯдак тақрибан 60 соат дар зери харобаҳо қарор доштааст.
Ба амалиёти ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди 9 гектар садҳо нафар ва техникаи вазнин ҷалб гардидаанд. Баландии сел метавонад аз 30 то 50 метрро ташкил диҳад. Ёдовар мешавем, ки ярчфароӣ 6 феврал рух дода, зиёда аз 50 хона ва автобусҳоро, ки кормандони ширкати истихроҷи тиллои маҳаллиро интиқол медоданд, пахш намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






